​Чигуна Кабирӣ сустиродагонро мағшӯӣ ва забонкутоҳ мекунад

Аллакай террорист Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва ҳамакнун роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии паймони миллӣ таҷрибаи бойи мағшӯӣ ва ба доми худ кашидани сустиродагону оворагони гумроҳро дорост. Ӯ ҳанӯз чунин таҷрибаро дар замони роҳбарии Сайид Абдуллои Нурӣ ба наҳзат гирифта буд. Айнан шеваи корбурди Кабирӣ ин идомаи мактаби террористии Нурист.

Кабирӣ кӯшиш дорад пасмондаҳои наҳзат ва хиёнатпешагони ватанфурӯшро дар канораш ҷамъ оварда, коми онҳоро бо пули бедардимиён ширин гардонида онҳоро тобеъ ва забонкутоҳ гардонад.
Агар сафҳои пайравони Кабириоо мушоҳида намоем дар он бархе аз ҷавонони гумроҳ, ки аз сиёсатҳои разилонаи ӯ пай ҳам намебаранд гирд омадаанд.
Яъне онҳо тӯтиҳое ҳастанд, ки такрори сухани Кабирӣ карда аз хати кашидаи ӯ берун намераванд.
Касе ки дар ин кор бештар худнамоӣ мекунад дер ё зуд Кабирӣ барои дилгармии ӯ барояш вазифаи нав медиҳад, ё ӯро муовин дар наҳзат ё дар паймонаш интихоб мекунад.
Муҳаммадиқболи Садриддин, ки барои муаррифии Кабирӣ шабу рӯз заҳмату талошҳои зиёд дорад, беҳикмат нест, шояд рӯзҳои ахир ягон вазифаи навро гирифта соҳиби маблағи зиёд гардад.
Дигар хоинони миллат Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Сулаймон Давлатов, Илҳом Ёқубов, Равшани Темуриён ва дигару дигарҳо корашон танҳо ва танҳо муаррифии амалҳову кирдори ноҷавонмардонаи террорист Кабирист.
Аз ин нуқтаи назар ба касоне, ки Кабириро пайравӣ доранд муроҷиат карда мегӯем, ки Кабирие, ки дар ҷанозаи падару модараш иштирок накарду барояшон хиёнат кард ва имрӯз низ ба Ватани худ хиёнат карда истодааст ҳеҷ гоҳ ба шумо вафо нахоҳад кард.
Аз ин рӯ, бояд мавқеи худро дар ин роҳ интихоб кунед.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ