Изҳороти дотсенти кафедраи таърихи умумӣ Наврўзов Т. ба суханони беасоси Куруши Кабир
Намояндагони ТТЭ ҲНИ, ки дар хориҷа ҳастанд, бадномкунии беасоси ҳукумати кишварро идома дода, мавқеи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки зидди ақидаҳои ифротгароии онҳоянд, чун фикри маҷбурии якчанд нафар нишон доданианд. Ин дафъа онҳо суханони шахсеро, ки худро Куруши Кабир муаррифӣ намудааст ва гўё се моҳ дар «Фермаи ҷавоб» кор кардааст, дар сомонаи «Ахбор» ҷой додаанд.
Ба гуфтаи Куруши Кабир гўё аъзоёни ҲХДТ, омўзгорон, табибон ва ғайра аз гўшаю канори кишвар бо супориш, ки аз боло меояд, бо навиштани вокунишҳои бадкунандаи аъзоёни ҲНИ машғул буданд. Ба гуфтаи номбурда бо чунин кор донишҷўён низ баъд аз нисфирўзи, яъне баъд аз машғулиятҳои дарсӣ ҷалб карда мешаванд ва ба онҳо ба маблағи 300 сомонӣ маош муқаррар карда шуда, онҳо бо компютер муҷаҳҳазонида шудаанд.
Албатта, имрўзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандони бо нангу номуси миллат, ки тарафдори рушди босуботи кишваранд, оид ба амалҳои ифротгаронаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ изҳори ақида менамоянд. Тедоди чунин шаҳрвандон хеле зиёд аст ва ҳеҷ гоҳ ин теъдодро бо роҳи назорат, маҷбурӣ кор фармудан ғайриимкон аст. Шахсе, ки худро бо номи Куруши Кабир муаррифӣ намудаасту, гўё дар «Фермаи ҷавоб» фаъолият намудааст, хуб мешуд, ки бо номи аслии худ чунин суханонро ифшо менамуд.
Имрўзҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ояндаи худ ва наслҳои худро бо Ватани азизамон алоқаманд менамоянд, хуб дарк карда истодаанд, ки танҳо бо роҳи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъмини рушди босуботи кишвар имконпазир аст. Барои ҳамин ҳам кулли мардуми кишвар ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ифротгароёнро ҷонибдори нахоҳанд кард