​Ҳарос аз ислом не, аз исломгароёни шайтонсират аст

Қоидаи давлатдорӣ он аст, ки давлатдор барои ҳифзи амнияту оромӣ ҳар хавфу хатари эҳтимолӣ ва ҷойдоштаро саривақт бояд, ки бартараф кунад. Аз ҷумла, хатарҳои ғоявӣ, мафкуравӣ ва амсоли инҳоро саривақт рафъ карда тавонистан кафили устувории давлатдорӣ мегардад ва дар масири таърих ҳазорҳо мисолро метавонем зикр кунем, ки давлатор барои таъмини амният гурўҳо ва шахсони мафкураашон барои давлатдорӣ номуносибро рафъ кардааст.

Дар матлабе, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ тариқи расонаҳои интернетӣ таҳти унвони «Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад? паҳн кард, касро боз як бори дигар ба тааҷҷуб меорад. Инро бинед, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки барояш ягон амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул нест, боз аз зери нохун чирк мекобад ва аз худ файласуфу исломшиноси гузаро метарошад. Дар матлаб гуфта мешавад, ки солҳои ахир чандин масҷид дар Тоҷикистон баста шудаанд ва ё ба марказҳои ҳунармандӣ ва дигар муассисаҳо табдил ёфтаанд. Кумитаи дин ва ё дигар мақомот ягон масҷидро бесабаб маҳкам накардаанд ва ин амри табиӣ аст. Воқеан ҳам имомони масҷидҳое ҳастанд, ки ҳуҷҷатгузории масоҷидро ба таври даркорӣ ба роҳ намондаанд ва мақомоти дахлдор он масҷидҳоро бастаанд. Ин як амри муқаррарӣ аст. Аз тарафи дигар, чанд масҷиди маҳалиро ба мушоҳида мегирем. Як маротиба ба чанд масҷиди маҳаллаҳо дар вақти намоз биравед ва мушоҳида кунед. Дар як ё ду сафи аввал намозхонҳо ҳастанд ва боқимонда ҷой холӣ аст. Ин ҳолат солҳои аввали истиқлолият ҳам ба назар мерасид, то соли 2015 ҳам буд ва имрўз ҳам ҳаст. Бубинед, ки на ҳамаи масоҳати масҷидҳо дар ба ҷо овардани ибодат пур намешавад. Дар як мавзеъ панҷ масҷид бошад, бигзор дутояш пур аз намозхонон бошад, дигар иншоот барои дигар амалҳои хайр истифода гарданд. Агар ба таърих нигоҳ кунем, масҷидҳо макони омўзиш буд, пас аз як ду масҷидро ба маркази ҳунаромўзӣ табдил додан, ягон кас зарар мебинад? Ҳаргиз не!

Дигар матлабе, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ ироа кардааст, он аст, ки мавъизаҳои рўзи ҷумъа аз боло фиристода мешавад ва онро имомхатибон хонда медиҳанд. Имрўз воқеан чунин аст ва хуб ҳам гаштааст. Хубияш дар он аст, ки дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъ дар як мавзуъ мавъиза карда мешавад ва ба ҳамин дар кулли масҷидҳо як мавзуъ ба мардум расонида мешавад. Гарчанд ки матни мавъиза пешниҳод мегардад, аммо ҳар имомхатиб бо тарзи гуфтор ва суханварии ба худаш хос онро ба ҷомеа мерасонад. Чунин тарзи корбарӣ – пешниҳоди мавъизаҳои тайёри рўзи ҷумъа аз тарафи дигар боиси саводи хуби динӣ гирифтани мардум мегардад. Тасаввур кунед, ки агар матн пешниҳод нагардад, чӣ ҳолат мешавад. Баъзе имомхатибон пурра ба масъалаҳои фиқҳӣ мепардозанд ва дар ҳар мавъиза масъалаи ба кадом даст доштани кулўх дар вақти истинҷо бахшида мешавад, мавзўи дўстдоштани имомхатиби дигар доир ба зино, сеюмӣ шаробхўрӣ ва амсоли инҳо мегардад. Бесабаб дар байни халқ намегўянд, ки «мулло донистаашро мехонад».

Худи Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки дастпарварди Эрон аст, хуб медонад, ки ҳатто дар ҳамин кишвари исломӣ мавзуъҳои амри маъруфи рўзи ҷумъа тасдиқ мегардад. На танҳо мавзуъ, балки аз тарафи кадом шахс ироа гаштанаш дар минбари рўзи ҷумъа пешакӣ муайян мегардад. Дар шабакаҳои телевизиони ин мамлакат як моҳ қабл дар кадом ҷумъа кӣ ва дар кадом мавзуъ мавъиза карданаш тариқи сатри равон эълон карда мешавад. Вақте мавъизаи рўзи ҷумъаи оятуллоҳои эрониро мешунавӣ гумон мекунӣ, ки на дар масҷид, балки дар маҳфили сиёсие нишастаӣ ва як сиёсатшинос доир ба вазъи ҷаҳон ба ту маълумот медиҳад.

Дар Тоҷикистон ба имомхатибон додани матни мавъизаи тайёр магар гуноҳ аст? Ҳаргиз не! Дар матни ин мавъизаҳои пешниҳодшаванда ҳам оят хаст, ҳам ҳадис, ҳам ақволи бузургони дин, ки барои ҳидояти мардум нигаронида шудааст. Аслан, хуб шудааст, ки мавъизаҳои рўзи ҷумъаи Тоҷикистон дар як ҷо фароҳам оварда мешаванд ва манзури омма мегарданд.

Дигар масъалае, ки Кўри Юнус матраҳ мекунад, доир ба исломҳаросии ҳукуматдорони Тоҷикистон аст. Мардум воқеан, дониста лақаб мемонанд ва аслан, Сайидюнуси Истаравшанӣ, кўр аст, ки бисёр масъалаҳоро нодида мегирад. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳаргиз аз исломи пок тарс надоштанд ва тарс ҳам нахоҳанд дошт. Балки барои тараққӣ додани дини мубини ислом кўшиш мекунад, ки барои ин ҷашнгирии 1300-солагии Имоми Аъзам, бунёди бузургтарин масҷиди Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе, тарҷума гаштани Қуръон ба забони тоҷикӣ ва ғайраҳо мисол гашта метавонад. Ҳароси ҳукуматдорони Тоҷикистон ва кулли ҳукуматдорони ҷаҳон аз ислом нест, балки аз андешаҳои ифротиву террористӣ аст, ки бо номи дини мубини ислом рабт меёбад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ хеле иғроқ мекунад ва иддаояш ноҷост. Исломҳаросии се давлатро ў мисол овардааст, ки яке Туркия, дуввумӣ Чин ва сеюмӣ Иттифоқи Шўравӣ аст.

Нисбати Туркия ва Чин ва исломҳаросии онҳо чизе намегўям. Аммо нисбати исломҳаросии Иттифоқи Шўравӣ баъзе чизҳоро гуфтанӣ ҳастам. Дар замони шўравӣ масҷидҳо кам буданд, масҷидҳои ҷомеъ аҳёнан ҷой доштанд, аммо имон, мусалмонӣ, ростқавлӣ ва халолкориву ҳалолхурӣ аз замони сермасҷидӣ бештар буд. Гапи мулло доир ба масъалаҳои шаръӣ гап буд. Агар мулло Мадрасаи Мири Араби Бухороро хатм карда бошад, дигар касе ба ғайр аз ў фатво намедод. Масҷидҳо зиёд шуданд, баъзе имомхатибҳо мактабҳои динии хориҷиро хатм карда омаданду ба як масъалаи динӣ ҷавобҳои ҳархела пайдо шуданд. Аслан, агар бигирем, дар сар задани ҷанги шаҳрванӣ дар Тоҷикистон ҳам ихтилофи муллоҳои навбаромад сабаб гаштааст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ кўшидааст, ки ояндаи исломҳаросиро дар Тоҷикистон пешгўӣ кунад. Аммо дар чанд ҳолат вай ғалат кардааст. Бино бар тавсифи ў гўиё Ҳукумати Тоҷикистон шеваҳои исломҳаросии шўравӣ, Туркия ва Чинро истифода мебарад. Аммо дар ин ҷо мегўям, ки Тоҷикистон ва ҳукуматдорони кишвар аз ислом ҳарос надоранд, аммо ҳаросу хавфи асосӣ аз нафароне аст, ки ғаразҳои нопокашонро бо номи ислом амалӣ карданӣ мешаванд. Ҳарос аз шайтонсиратоне аст, ки ба рўяшон исломро ниқоб мекунанду ҷомеаро ба вартаи гумроҳӣ мебаранд.

И.Раҳимов – декани факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ