Изҳороти устодони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ
Мусаллам аст, ки ҳар амале аз тарафи шахсе ё гурӯҳе содир мегардад, хоҳ нохоҳ, дер ё зуд, парда аз рӯи он бардошта мешавад. Барҳақ халқ мегӯяд, ки “офтобро бо доман пӯшида намешавад”, албатта ҳақ асту рост. Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом ва саркардагони он чунин гумон доштанд, ки амалашон паси парда мемонаду халқро чи тавре ки фиреб медиҳанд, ошкор намешавад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо ҳар роҳ мехоҳанд имрӯз боз ба ҳамон боварии халқ даромада, амалҳои нопокона ва ноҷавонмардонаашонро идома диҳанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони азаизи мо пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии худро мустаҳкам намуда, минбаъд сиёсати мақсадноки худ созандагӣ ва бунёдкориҳои иқтисодию иҷтимоиро давом дода истодааст. Аз ин рӯ кулли тағйиротҳое ки дар мамлакат ба вуҷуд омаданд, бевосита бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд. Исботи ин ҳама суханон аз он иборат аст, ки имрӯз ҳар як сокини мамлакат медонад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор гузоштааст.
Аммо ҳамаи ин пешравиҳо, муваффақиятҳо душманони бурунмарзии давлати Тоҷикистонро ором гузошта наметавонанд, бинобар ин онҳо, махсусан пайравони ҳизби наҳзати исломӣ, ки онро ҳамагон аллакай ҳамчун як ҳизби аҳриманӣ мешиносанд, бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки ба шуури динӣ, фарҳангӣ, сиёсиии мардуми миллатдӯсти тоҷик таъсири манфӣ расонида, худшиносии миллати тоҷикро коҳиш диҳанд ва пояи давлатдории онро заиф гардонанд. Аммо чунин мақсаду маром ва рафтори душманони миллат билкулл хатост, зеро имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 132 давлати ҷаҳон мешиносад ва эътироф мекунад. Имрӯз онҳое, ки ба мақсади ҳифзи асолати миллии худ муқобилият нишон медиҳанд ва даст ба аслиҳаю вайронкорӣ мезананд, ба миллати худ ба ҷуз ғаму кулфат ва нороҳатиҳои зиёди моддию равонӣ чизи дигаре дода наметавонанд. Манзараҳои мудҳише, ки тавассути воситаҳои ахбори умум аз Сурия, Афғонистон, Ироқ, Яман, Нигерия ва дигар мамолики Шарқи Наздику Африқо пешкаш карда мешаванд, далели дурустии ин фикр аст.
Чанде қабл нишасти САҲА бо аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо баргузор гардид. Маълум гашт, ки САҲА бо ном тарафдори арзишҳои демократӣ ва сулҳу субот дар буда, аслан аз гурӯҳҳои мухолифин ва экстримистию террористӣ ҳимоят, мекунад. Агар на пас чаро, аъзоён ва пайравони ТЭТ ҲНИ аз дастгириҳои назаррасӣ ин ташкилоти бонуфуз бархӯрдонаранд. Ин муаммоест, сарпечида ва мубҳам. Аз ин рӯ бояд мо омӯзгорон насли ҷавонро ба зиракиву ҳушёрии сиёсӣ роҳнамои намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем.
Дар яке аз мулоқотҳояшон бо сокинони кишвар, Сарвари давлат чунин таъкид намуда буданд: “Дар чунин шароити ҳассоси авзои байналмилалӣ моро зарур аст, ки доимо ҳушёру зирак бошем, ақлу хирад ва донишу таҷрибаи худро ба хотири тақвияти минбаъдаи давлатамон, ҳифзи марзу буми он, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини суҳу суботи комили ҷомеа сафарбар намоем”.
Пас моро зарур аст, то дар ғафлат намонем ва ба тӯҳмату дасиса ва идеологияи харобовари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дода нашавем.