​Дӯстии халқҳо поянда бод!

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари комил гардонидани истиқлолияти дохилии хеш инчунин ба рушду инкишоф додани истиқлолияти хориҷӣ низ таваҷҷуҳи бештар менамояд. Тоҷикистон аз рӯзи ба даст овардани истиқлолияти сиёсии хеш, сиёсати дарҳои бозро пеша намуд, ки ин дар устуворгардонии сиёсати хориҷии кишвар нақши барҷастаро хоҳад гузошт. Имрӯзҳо хушбахтона соҳибистиқлолии кишвари моро зиёда аз 165 давлати дунё эътироф менамояд. Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 130 давлати дунё ва 51 созмону ташкилоти минтақавию байналмилалӣ муносибати дипломатӣ ва ҳамкории тарафайнро ба роҳ мондааст, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.

Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва даврони соҳибистиқлолии хеш дар рушди сиёсати хориҷӣ заминаҳои мусоиде фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамфарҳангро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Қирғистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, вале баъзе ашхосоне пайдо мешаванд, ки ин дӯстии ду кишварро ба иғво андохта,шахсони гумроҳро ба ҷанг меандозанд. Аз ҳамин сабаб дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳуриамон ба монанди Исфара, ноҳияи Б.Ғафуров деҳаи Овчи-Қалача, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон қарор доранд, нофаҳмиҳо пайдо шудааст. Ин ҳамаи моро бетараф намегузорад, аз ин лиҳоз бо чунин иғвогарон гуфтанием, ки шумо ҳеҷ гоҳ дӯстиии халқҳои тоҷику қирғизро нобуд карда наметавонед, чунки мо ҳама ақли солиму қувваи кавӣ дорем.

Аз ҳама муҳим, имрӯз дар кишвари мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост. Ин аст,дӯстии халқҳои ду миллат.

Омӯзгорони донишгоҳ - Бобоева Н.Б., Ашӯрова Т.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ