​Оиди ватангадогони азалии халқи тоҷик

Дар таърих душманони миллати худ ё ватангадогониазалиихалқи тоҷик, ватанфурушони касбии ҳар як халқу миллат, аз он ҷумлахалқи тоҷик ба вуҷуд омадааст.Мо онро дар мисоли фаъолияти вайронкоронаи ватанфурушу ватангадоҳо – ҷинояткорони сиёсӣ- Гадоев, Варки, Шерзамонов, Кабирӣ, Ёқубӣ ва ташкилотҳои ғайриқонуни - ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24, ПМТ ва дигар хоинони Тоҷикистон эҳсос кардан мумкин аст. Ҳамасола конференсияи ҳисоботии ташкилоти байналмилалии САҲА бо иштироки ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла ватанфурушони касбӣ баргузор мегардад. Дар конфронси номбурда, ки санаи 16-уми сентябр дар шаҳри Варшаваи Полша оғоз ёфт ва то санаи 27 сентябр давом мекунад, намояндагони қариб 60 кишвари аъзои созмон ва 1,5 ҳазор намоянда ширкат варзида истода аст. Конференсияи номбурдаи байналмилалии анъанавӣ буда, дар он масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо баррасӣ мешавад. ҳар як инсон,агар худро фарзанди халқи тоҷик ҳисобон, пеш аз сухан рондан, баромад кардан ба худ як бор ҳисобот диҳанд, ки чӣ кор карда истодаанд.

Дар ҳақиқат душман Ватан, миллат, мазҳаб, виҷдон, падару модар надоранд!ҳатто баъзе ташкилдотҳои байналмилалӣ ҳам инсоф, ақлу хирад надорад. Дар кишвари моонҳоро ҳурмату эҳтиром дорад. Аммо, баъзан масъалаҳоимасъалаи зидди қонунҳои байналмилали ҳаммавриди муҳокима мегардидааст, Аҷобо! Иштирокчиёни ин конференсияи байналхалқӣ намояндагони расмии ҳукуматҳои кишварҳои аъзои САҲА, ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ ва амсоли инҳо мебошанд ва табиист, ки мавқеи худашонро доир ба масъалаҳои баррасишаванда ҳифз мекунанд. Дар он баъзегурӯҳҳои ғайриқонунии вайронкор ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24, ПМТ, ки берун аз ҳудуди кишвар алҳол фаъолияти террористи доранд, як иштибоҳи САҲА буд. Яъне онҳое, ки пуштибони кофӣ дар Тоҷикистон надоранду аз тўдаи мардуми ғаразхоҳ иборатанд, ба ин конференсия даъват гардиданд. Онҳо дар асоси кадом қонуни байналмилалӣ ба он даъват шудааст?

Аҳли кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров махсусан қайд менамоянд, киКишвари мо ҳам аъзои комилҳуқуқии САҳА аст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикситон намояндагони расмӣ-Зариф Ализода, Абдулло Раҳнома, Вафо Ниёзбекзода ва ҳам намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок доштанд ва ҳар кадоме доир ба воқеияти ҳол маълумот доданд ва мавқеи расмии Тоҷикистонро нисбати қазияҳои баррасишаванда изҳор карда тавонистанд. Онҳо исбот карданд, ки кишвари мо соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ мебошад.

Дар асоси тартиботи дар конференсия байналхалии амалкунанда дар вақти муайян ба ҳар кадом намяндаи давлатҳо барои суханронӣ фурсат дода шуд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар расонаҳои хабарии ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24, ПМТ ҷор мезананд, ки гўиё ғолиб омадаанду намояндагони ҳукумати Тоҷикистон шарманда гаштаанд. Пеш аз ҳама чунин наворҳо ва ё хабарҳо танҳо ба мақсади худашонро бузург нишон додан ва ба мардум фаҳмонидани он аст, ки гўё онҳо қудратманданд. Ҳаргиз ин тавр нест! Ин нисбат ба халқи тоҷик ва давлат тӯҳмату бӯҳтон аст.

Аҳли кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров қонеъона фикру ақидаҳои онҳоро рад менамоянд. Сафар Эркаев

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ