Ба номардиҳои мардон ман чӣ гӯям?
Соҳибистиқлолии Ватани азизу маҳбуби мо бо саъю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагиро фаро гирифтааст.Аммо душманони миллати моро ин дастовардҳо безобита намудааст ва онҳо тӯҳмату бӯҳтонҳои навро нисбати давлати мо бофта паҳн карда истодаанд.Онҳо бо ҳар хел суханҳои фачу луч худро мусичаи бегуноҳ вонамуд намуда аз гуфтаву кардаашон барои ҷамъияти худ пушаймонанд, вале сир бой намедиҳанд. Он душманони миллат бо ҳар хел хел гуфтаву тӯҳматҳо нисбати оромии кишвари мо машғуланду дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки шуури халқи оддиро вайрон намоянд ва ба дастовардҳои чашмрасу ояндасози Тоҷикистони соҳибтамаддун ва муосир теша зананд.Он душманони дохилии миллат ба монанди Мирзои Салимпуру Кабирӣ ва як қатор думравони роҳгумзадаҳои онҳо бо ҳаммаслаконаш ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати Тоҷикистонро сарфаҳм раванд, ҳам худро ба нофаҳмӣ меандозанд. Ҳамин тавр бефаҳмиву бефаросотии худро ба мутолиакунандагони худ яъне мо зиёиёни кишвар нишон дода исбот мекунанд. ки онҳо ноқисулақаланд. Яъне онҳо танҳо манфиати худро медонанду халос.
Гуфтаву кардаҳои сомонаи “Ахбор”, “Фермаи ҷавоб” ва амсоли инҳо танҳо зидди ҷамъияти муосири Тоҷикистон мебошаду халос. Аъзоён ва намояндагони он сомонаҳо тешаҳои тези рахнакунандаираҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионии мамлакати мо,чашми дидан надоштани рафтуои озоди халқи меҳнатқарини тоҷики муосирба чор самти олам, фитна ангехтан ба роҳандозии иқдомҳои калидӣ дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон ҳастанду халос.
Ба майнаи ҳар як хонанда баъди хондани он гуфтаву навиштаҳои он сомонаҳои ба қавли худ машҳур- “Ахбор” чунин меояд, ки онҳо танҳо бешууранд. Мафҳуми шуурро дарк намекунанд ва шуур низ ба майнаи онҳо ворид шуданӣ нест, зеро онҳо вирусҳои муолиҷанашавандаанд. Вақт ва замон онҳоро муолиҷа мекунаду халос.
Мирзои Салимпур инчунин қайд намудааст, ки таъсиси сомонаи “Ахбор”танҳо хидмат ба миллат аст. Ин сатрҳоро хондаму ба хулоса омадам, ки Мирзои Салимпур ҳаммиллатони худро нодон меҳисобад. Зеро ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон худ хуб медонад, ки хидмат ба миллат қарзи ҳар як ватандор асту онро рӯи қоғаз овардан ва бо забон ифода кардан танҳо беақлист.
Мирзои Салимпур ва ҳаммаслаконаш ҳеҷ тӯҳмате нисбати коркунони ҷамъиятӣ наёфтанду ба матбуоти тоҷик часпиданд. Зеро матбуоти даврии кишвари мо гуфтаву кардаҳоидушманони хориҷиву дохилиро рӯирост танқид менамояд. Матбуоти тоҷик дар бораи самаранокии талошҳои хастанопазири Роҳбарияти Олии мамлакатамон ва хиради азалие, ки халқи тоҷик дошту дорад аз ҷумла дарсоҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва худшиносиву худогоҳии миллӣ, ки мавқеашро аз нав устувор сохтаааст, ба халқи худ маълумот медиҳад. Инчунин навигариҳо дар бораи инсонҳои пешқадами ҷамъиятӣ,технологияииртиботии моҳворавиву электронӣ ва мисли инҳо ба халқ дастрас мегардонад. Ҳоло ҳам ба он душманони хориҷиву дохилӣ дер нашудааст, ки барои рушду пешрафти сатҳи зиндагӣ, ҳифзу арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҳаммиллатони худ дар кишвар барои хизмат кардан рӯй оваранду аз ҳурофоту ҳурофотпарастӣ ва суханҳои бефаровези дилгиркунанда даст кашанд.
Изҳороти муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети забонҳои хориҷӣ Ахмедова З.