​Либоси миллӣ – нишон аз ҳуввияти миллӣ

Имрӯзҳо аз ҷониби занону духтарони тоҷик пӯшидани либоси ба фарҳангу миллати мо бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб зиёд ба назар мерасад. Мехоҳам вобаста ба ҳолати ба амал омада фикру ақидаҳои худро пешниҳод намоям.

Қайд намудан дозим мебошад, ки мо мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишварамон аз солҳои пешин доштем. Баъди он солҳои охир мо мебинем, ки аз тарафи занони тоҷик пӯшидани либосҳои ба миллати мо бегона сатру ҳиҷоб хеле зиёд шуд. Гуфтанӣ ҳастам, ки модарону хоҳарони мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва барои равнақи расму анъанаҳои гузаштаи мо вобаста ба пӯшидани сару либоси миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, на балки сатру ҳиҷоби барои мардуми бегонаро тақлидкорӣ намоянд.

Мушоҳида менамоем, ки баъзе аз занону мардони бехираду каҷфаҳми мо, ба чунин ақидаҳои онҳо фирефта мешаванд.

Ман гуфтаниям, ки тарафдори пӯшидани либоси миллӣ буда, барои ба бар кардани либосҳои ба занҳои мо бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зид мебошам ва ҳамчуноне ки дар садсолаҳои гузашта риоя карда буданд, бо ҳамон намуд, яъне бо либоси миллӣ меъёрҳои шаръиро риоя кардан тарафдори он мебошам. Ин ягон мушкилӣ надорад, чунки дар мо аз қадим одат нашудааст, ки мардум сиёҳ бипӯшад. Дар назари мардум сиёҳ пӯшидан қабеҳ аст. Мехостам, модарону хоҳарони мо либосашон бо дигар рангҳо бошад.

Аз он ҷумла мисол овардан мумкин аст, ки шумо дар куҷо дидед, ки либоси миллии моро дигар миллатҳо дар бар карда бошанд? Яке аз рукнҳои ҳуввияти миллӣ агар забон бошад, баъд либос бошад, мо бояд онро ҳимоят кунем.

Мо анъанаҳои миллии худро дорем, аз ҷумла либоси миллӣ- чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо ва тоҷикона ҳастанд, ин гуна либосҳо пурра метавонад ба талаботҳои замона ҷавоб диҳад. Дар анъанаи миллии мо либосҳои тоҷикидўхт ва тоҷикшинам дар зебоишиносии миллии мо нақши муҳим гузоштаанд.

Мо – тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пўшидани дибосҳои миллии худро дорем ва бояд ин гуна арзишҳоро ҷонибдорӣ намоем. Либоспўшии тоҷикӣ бо такя ба назокати хоси матлуб моро дар роҳи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.

Изҳороти Тошева Х.Б. – сармуаллимаи кафедраи педагогикаи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ