​Муҳиддин кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ

Мутаассифона, роҳбарияти ҲНИ М. Кабирӣ кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳад, ки дар сиёҳ намудани мақомоти давлатӣ аз дигарон пештар гузарад. Онҳо хидмати холисонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки пайваста дар роҳи таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор, рушди бемайлони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардуми мусалмон талош меварзанд, нодида мегиранд.

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби зишт ва пурдаҳшату хатарафзо буда, барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлатӣ ва рушди устувори давлат таҳдиди бевосита менамояд.

Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ дар симои роҳбарону намояндагони фаъоли худ ҳамчун яке аз намуди террористи мебошад. Баррасиҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки ҲНИ бо наздикшавии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пайи амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш талош меварзад. Махсусан роҳбарияти ҳизби мазкур бо ҳар восита мекӯшанд хешро дар ҷомеа бештар муаррифӣ намоянд. Вале мардуми бофарҳанги тоҷик хуб медонад, ки касоне, ки ба нафъи мардум, хусусан сокинони маҳаллу ноҳияи худ кори неке анҷом медиҳанд, эҳтиёҷ ба таблиғу ташвиқ надоранд, зеро халқ довару дастгири онҳост.

Муҳиддин Кабирӣ бори дигар мехоҳад худро дар чашми мардуми некӯ боадолат нишон дода, ба амалҳои нодурусти хеш таблиғоти тозаеро дар миёни ҷомеа матраҳ намояд. Ин худнамоиҳо ва ташвиқотҳои қалбакии ин гуна мардум пӯшида нахоҳад монд. Зеро миллати оқилу тавонои тоҷик худ хуб медонад ва дигар пойбанди фиребу найранг ва дасисаҳои бофтаву бардурӯғи ҳар як касу нокас нахоҳад шуд.

Кафедраи умумидонишгоҳии информатика омӯзгор адоҷонов Б.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ