​Ҳар ки бо душмани халқ равон аст чу баҳр...

Таърих ёд надорад, ки нокасу нохалаф ба мақсад расида бошад ва агар расида бошад ҳам он муваққатист, яъне касе, ки манфиати хешро аз манфиати халқу ҷомеа боло мегузорад, дер ё зуд ноком мегардад.

Чандин нақшаву иғвоҳои гурӯҳҳои мухолифини Тоҷикистон дар таърихи соли 2018 ба саҳифаҳои сиёҳи таворих ва андешаҳои мардуми равшанфикр нақш баст, ки дар оянда низ ҳушёрии аҳли ҷомеаро тақозо дорад.

Мо – зиёиёни ҷавони кишвар дар ҷавоб ба табрикоти чоплусона ё риёкоронаи Муҳиддин Кабирӣ чанд посухе мехоҳем расонем:

Ҳадяи Шумо – “Хоинони кишвар” нисбат ба Тоҷикистон ин аст: бо вуҷуди эътироф гаштан ва тасдиқ шудани ҲНИ ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ ва дар чанд маврид ошкор гаштани нақшаҳои бадхоҳонаи шумо нисбат ба Тоҷикистон ва мардуми осоишта; гуноҳи худро эътироф кардани баъзе нафарони гумошташуда ва тасдиқ кардани бисёр амалиёти серҷабҳаи гурӯҳ (омодагии ҳарбӣ, таъминот бо маводи ҷангӣ, дарсҳои махсуси равонӣ ва динӣ) собит мекунад, ки ин гурӯҳ – бадхоҳи сарзамини осуда ва мардуми Тоҷикистон аст.

Паёми шодбошии Муҳиддин Кабирӣ дар Соли нави милодӣ низ навъе аз иқдом ва тарҳи ҷадиде дигар.

“Ҳар ки бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари худ чу гирдоб хурад”.

Бобоева Иноят-омӯзгори факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ