Баргузории конференсияи илмӣ-амалии минтақавӣ
Имрӯз, сеюми майи соли 2019, дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-амалии минтақавӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами муосири фанҳои гуманитарӣ” бахшида ба 55-солагии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва 80-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдувалӣ Бердиалиев баргузор гашт.
Ба кори конфронс Мирзоғуфрон Ғафуров, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд ва инчунин, аз кишварҳои дӯсту бародари мо Ҷумҳурии Ӯзбекистон Боқиҷон Тухлиев, профессори Донишкадаи давлатии шарқшиносии шаҳри Тошкент, Алиҷон Мамаҷонов, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Фарғона, Абдуваҳоб Мадвалиев, ходими илмии калони Донишкадаи забон, адабиёт ва фолклори ӯзбекии Академияи илмҳо, Эргаш Очилов, ходими илмии калони Донишкадаи забон, адабиёт ва фолклори ӯзбекии Академияи илмҳо ва аз Ҷумҳурии Қирғизистон Муяссара Мирзоахмедова, профессори Донишкадаи давлатии Ҷалолобод ва Абдуваҳҳоб Зулфиев, ректори Донишгоҳи давлатии Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва пайвандону шогирдони соҳибҷашн ширкат варзиданд.
Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба Мирзоғуфрон Ғафуров, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд вогузошт, ки номбурда, ҳозиринро бо баргузории ҷамъомади тантанавии илмӣ-тадқиқотӣ шодбош гуфта, паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба соҳибҷашон расонид.
Профессор Ҷамшед Ҷӯразода баргузории конференсияи илмӣ-амалии минтақавии “Масъалаҳои мубрами муосири фанҳои гуманитарӣ” мубрам хонда, арз дошт, ки дар партави сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев шароити мусоиди ҳамкории илмиву фарҳангӣ муҳайё гашт ва олимону донишмандони ду ҳамсоякишвар ҳамеша дар иртибот мебошанд.
Дар идома, доир ба ҳаёту фаъолият ва осори илмиву тадқиқотии доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдувалӣ Бердиалиев андеша ронда, баён кард, ки мавсуф дар давоми фаъолияти илмию педагогӣ 10 монография, 19 дастури таълимию методӣ, 10 китоби дарсӣ, беш аз 200 номгӯи асару мақолаҳои илмӣ таълиф карда, ҳамчун олими варзида, ному фаъолияти хешро дар саҳифаҳои китоби забоншиносии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд.
Баъдан, профессорон Абдусалом Абдуқодиров, Тухлиев Боқиҷон, Муяссар Мирзоахмедова, Фарҳод Исомаддинов ва дигарон доир ба фаъолияти педагогиву дастовардҳои илмӣ ва хислатҳои ҳамидаи профессор Абдувалӣ Бердиалиев сухан намуданд. Ҳамчунин, ректори Донишгоҳи давлатии Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Абдуваҳҳоб Зулфиев аз хизматҳои шоёни соҳибҷашн ҳарф зада, Нишони шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Қирғизистонро супорид.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ, ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ профессор Абдувалӣ Бердиалиевробо фарорасии 55-солагии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва 80-солагиашон табрику муборакбод карда, бурдборӣ, хонаободӣ, саломатӣ ва муваффақиятҳои назарраси илмӣ таманно намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил