Вохӯрӣ бо усули “Ҳамсол ба ҳамсол”
Санаи 18-уми марти соли 2019 дар хобгоҳи №2-и донишгоҳ бо мақсади тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, одоби ҳамидаи инсонӣ, эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ВНМО/БПНМ ва зуҳуротҳои номатлуб вохӯрии аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” бо донишҷӯён бо усули “Ҳамсол ба ҳамсол” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ Диловар Ҷаъфаров – роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и донишгоҳ Муталиб Маҳмудов, аъзоёни маҳфил – Муҳаммад Файзиев, Гулбаҳор Умарова, Руҳиллохӯҷа Охонов, Исмоилхон Нарзиев, Фараҳнуш Додоҷонова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муталиб Маҳмудов вохӯриро ҳусни ифтитоҳ бахшида,аз ҷумла иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ дар партави дастуру супоришҳо ва сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иқдому ташаббусҳои ҷавононро мунтазам ва ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Иштирокдорон дар баромадҳои худ таъкид сохтанд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, мову Шумо – ҷавононро мебояд, ки аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо руҳияи баланду болида ва ифтихору қадрдонӣ аз истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ кӯшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯстамон камари ҳиммат бандем ва пайваста созандаву бунёдкор бошем.
Вохӯрӣ бо мубодилаи афкор ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил