Тантанаи идонаи Рӯзи Модар дар донишгоҳ
Бахшида ба Рўзи Модар дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии идонаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо иштироки занону бонувони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар оғоз иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои занону духтарони ҳунарманди донишгоҳ дидан ба амал оварданд.
Чорабинии идонаро ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода ҳусни оғоз бахшида, барои расонидани номаи табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода суханро ба сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳошимзода Муқаддам вогузор намуд, ки занону бонувони ин махзани илму маърифат паёми табрикии роҳбарияти вилоятро хуш истиқбол намуданд.
Дар идомаи сухан ректори донишгоҳ арз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ оид ба мавқеи занон истода гузашта, пайваста мақому манзалати эшонро боло мебардоранд. Дар яке аз баромадҳои худ, таъкид доштанд, ки “Занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақш ва мавқеи басо муҳим доранд. Кадом проблемаи дорои моҳияти иҷтимоиро нагиред, ҳаллу фасли онҳоро бе иштироки фаъолонаи занон, назардошти фикру андешаи онҳо тасаввур кардан душвор аст”. Аз ин лиҳоз, бо мақсади татбиқи сиёсати давлату ҳукумати кишвар дар ҷодаи дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, оид ба нақш ва мақоми занону модарон дар ҷомеа раёсати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» тадбирҳои зарурӣ ва судмандро роҳандозӣ менамояд. Аз теъдоди умумии кормандони донишгоҳ, ки 1451 нафар мебошанд, 805 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа 64 нафар занону бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи донишгоҳ (ноибректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо) фаъолияти пурсамар доранд.
Инчунин ректори донишгоҳ дар бораи дастовардҳои занону бонувони донишгоҳ дар ҳамаи самтҳои фаъолият истода гузашта, пас аз ҷамъбасти сухан 33 нафар занону бонувонро бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд.
Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз шеъру гуфтор, суруду мусиқӣ ва саҳнаҳои ибратбахш иборат буд, табъи ҳозиринро болида сохт.
Ҷоиз ба қайд аст, ки бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ бахшида ба Рӯзи модар 805 нафар занону бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардида, дар ин замина, 8 нафар собиқадорону устодони донишгоҳ низ аёдат карда шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил