​Сиёсати духӯраи созмонҳои ҷаҳонӣ

Чанде қабл дар сомонаи интернетӣ таҳти сарлавҳаи «Ҳайати Ҳукумат ба конфронси Варшава бо сари баланд ва рўи сурх меравад» мусоҳибаи хабарнигориАМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви ҳайати расмии Тоҷикистон дар конфронси Варшава Абдулло Раҳнаморошиносоӣ пайдо намудам, ки хеле ҷолиби диққат буд. Он ҷо сухан дар бораи иштироки ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 26 сентябр дар шаҳри Варшава ҷиҳати гузаронидани машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)бо иштирокиқариб 60 давлат меравад.

Таҳлили масъалаҳои баррасишаванда аз он шаҳодат медиҳанд, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳу оромӣ хеле мустаҳкам аст. Дар баробари ин илова менамоем, ки кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҳама давру замон ҷонибдорӣ сулҳ оромӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Ба мо маълум аст, ки чанд тан нохалафони наҳзатӣ ва паймоншиканони хоин, такроран мегўям, ҳамагӣ чанд тан аз бегонагон ва зархаридони давлатҳои хориҷӣ, ки мавқеи онҳо рўз аз рўз дар давлатҳои бегона коста шуда истодааст, мехоҳанд ба вазъи ороми кишвари азизамон халал ворид намоянд. Дар ин замина, Абдуллои Раҳнамо хеле одилона қайд менамояд, ки:

«…давлати Тоҷикистон имрӯз дигар на давлати соли 1992 аст, на давлати соли 1997 ва ҳатто на давлати соли 2015. Онҳо тасаввур карда натавониста истодаанд, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати қавӣ ва устувор буда, аз назари сиёсӣ, диди сохторию идорӣ, иқтисодӣ, қудратӣ ва ҳам аз назари зарфияти зеҳнӣ бисёр қавитар аз пеш аст. Давлати Тоҷикистон машғули корҳои бузургтар аз ин аст. Давлат машғули ободонӣ, созандагӣ, миллатсозӣ, ваҳдатсозист. Давлат таърихи навини миллатро месозад. Бинобар ин, мухолифати чанд нафар ба раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллӣ таҳдиди амалие нест».

Андешаҳои Абдуллои Раҳнаморо ҷонибдорӣ намуда иброз менамоем, ки дигар ин гурўҳи ба мардуми шарифи тоҷик бегона ба ягон мақсади ғаразноки худ нахоҳад расид. Баён медорем, ки бо онҳо баргузор намудани музокирот нашояд, зеро онҳо ба ғайр аз фитнаву дурўғгўӣ ягон мақсади пок надоранд. Ҷаҳониён имрўзҳо аз сиёсати сулҳофарини Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай аз наздик шиносоӣ доранд ва Тоҷикистони муосир аллакай қудрати бо ин гурўҳҳои нохалаф муқовимат карданро бешубҳа дорад.

Иштироки хоинони наҳзатӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ гувоҳ аз муносибати духӯраи созмонҳои байналмилалӣ ба ифротгаро даракмедиҳад. Зеро ҷудо кардани минбар барои ифротгароёни наҳзатӣ дар оянда ба обрӯву эътибори САҲА латмаи сахте мезанад. Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар баромадҳои худ ба роҳбарияти созмони мазкур гушрас карданд, ки “майдони САҲА-ро ба бозоре шабоҳат дода мешавад, ки ҳама ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад”.

Такрор ва такрор мегўем, ки имрўзҳо давлату ҳукумати кишвар баҳри ҳимоя намудани манфиатҳои кишвари маҳбубамон ва тамини бехатарии мардуми куҳанбунёди тоҷик аз тамоми воситаҳои мавҷуди истифода намуда истода ҷонибдори барпо намудани сулҳу салоҳи ҳамешагӣ аст. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон шукронаи фазои орому осудаи кишвар, ки имрӯз сулҳу субот дар кишвари мо ҳукмрон асту мардуми кишвар пайи зиндагии орому осудаи кишваранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ