Як бому ду ҳаво дар САҲА
Бузургтарин рисолати мо бояд хизмат ба мардум, миллат ва Ватан буда бошад. Ин се вожа муқаддастарин арзиш барои ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ аст. Асрҳо ниёгони мо бо ормони давлати соҳибистиқлол доштан ва соҳиби давлати миллӣ будан зистанд, ҳазорон ҷон дар ин роҳ нисор карданд ва лак лак достонҳоро аз далериву мардонагии ин мардуми пуршараф ва некмоя ба қалам додаанд. Дар ҳар давру замон ашхоси ватанфурӯш ва ноҷавонмарду худносипос мазаммат ва зери тозиёнаи танқид кашида шудаанд. Имрӯзҳо ҳам ин гуна худбохтагон кам нестанд. Мисоли рӯшанро дар симои ҳайати ТЭТ ҲНИ ва дигар шохаҳои он метавон баррасӣ кард.
Дар воҷеъ бори якум нест, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро дар ҷаласаи САҲА роҳ медиҳанд. Ин амали такрорӣ ва нодурусти САҲА мебошад. Аммо бояд як нуктаро инҷо таҳлил намуд, ки САҲА аз ТЭТ ҲНИ чӣ мехоҳад? Ё Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо иваз намудани симои зоҳирии худ яъне, Паймони миллии Тоҷикистон ва ширкат намуданаш дар ин ҷаласа чӣ манфиат мебардорад? Дар ин маврид даҳҳо саволҳои дигарро метавон пешниҳод сохт аммо, бояд донист, ки дар қафои андешаҳо ва амалҳои пасипардагии Муҳиддин Кабириву Алим Шерзамон, Шарофиддин Гадоеву Сайидюнуси Истаравшанӣ ва чанд тан роҳгумзадагони дигар кишварҳои хориҷии манфиатдор ва инсонҳои зархарид истодаанд. Имрӯз мардум лаънат мефиристад ба ҳар амалҳои хиёнаткорона, ватанфурӯшиву дурӯягӣ ва дурӯғу фитнаангезиҳои ин гурӯҳи ҷинояткорону хоинони ватан...
Ҳузури аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар САҲА баръакс, ба мардуми тоҷик нишон дода истодааст, ки ҳамаи он зиндониёне, ки “сиёсӣ” мехонанду роҳи “халосӣ”-и ҷинояткоронро мехоҳанд, бешубҳа, маълум гардида истодааст, ТЭТ ҲНИ ё Паймони миллии Тоҷикистон саропо бофтаву сохта ва пайравони гумроҳшудагон буда, дар ноором сохтани Тоҷикистони соҳибистиқлол даст доранд. Барои ин шахсони ватанфуруш, зану фарзанд, волидайн, оила, ҷомеа ва давлату миллат ҳеҷ арзише надорад. Зеро онҳо ҳақиқатро дида наметавонанд ва ҳар сухан барояшон ҳеҷ аст.
САҲА агар ташкилоте бошад, ки ҳукуқи инсон наздаш арзиш дорад ва барои сулҳу амнияти давлатҳо талош меварзад, набояд аз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, амсоли Ҳизби наҳзати исломӣ ҳимоят мекард. Чандин давлатҳо аз аъзоӣ ба ин ташкилот даст кашиданд, чаро, ки дарк намуданд, ки зери широри инсонгароӣ ва сулҳпарварона ин ташкилот аз созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Мисоли рӯшан даст ёфтан ва ё ҳуқуқи ширкат пайдо намудани хоинони миллат бар ҷаласаҳои ин созмони террористпуштибон аст.
Ҳеҷ гоҳ ба дарахти бемева санг намеандозанд. Ҳамон дарахте озор мебинад ва санг мехӯрад, ки меваи ширин дошта бошад. Тоҷикистон кишварест, ки рушди рӯзафзун дорад. Албатта ин пешравиҳо ба манфиати душманони миллат ва хосатан ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчунин шохаҳои он, амсоли Паймони миллӣ нест ва сад дар сад хилоф аст. Аз ин рӯ ин хоинон бо сафсатафурӯшӣ ва дағдағаҳои бепоя ва бебунёд мехоҳанд ҷавҳари созандагӣ ва ободкории мардумро нобуд созанд, ва бо ин васила, мехоҳанд, ки мардумро ҳамеша дар рӯҳияи ноумедӣ ва тарс нигоҳ дошта бошанд. Аслан ин гурӯҳҳо тавре ки маълум аст, дигар иқтидор надоранд ва ба мардум таъсире ҳам расонида наметавонанд. Аммо сухан ин ҷост, ки хоҷагонашон ин лӯхтакҳоро дар саҳна бо нақши сиёҳ бозӣ медоранд, ва манофеи шахсӣ ва гурӯҳии худро тавассути ин гарангону сустунсурон пиёда намуда истодаанд...
Бобоҷони Хайриддин, устоди ДДХ