Изҳороти омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ Бурҳонова Мубина
Ман тайи ҳафтаи гузашта дар мавриди ҳангомаҳио баъзе ашхоси бесалоҳият, ки танҳо корашон тафриқаандозӣ ба шумор меравад, ҳамеша андеша мекардам. Дар сомонаи “АХБОР” Мирзои Салимпур, ки муассиси он ба шумо меравад, бо як амали хоинона, яъне пахши маълумотҳои бардурўғ аз ҷониби сокинони мамлакат мавриди танқиди сахт қарор гирифт ва бояд чунин шавад. Зеро акнун як ду нафар одами ҳангомаҷў наметавон ҳақикати масъаларо ифшо кард ва мардумро бо иттилооти солим таъмин намуд. Сомонаи Ахбор як ниҳоди электронии душманони миллат ба шумор меравад, ки то аз аслу барномаҳояш маълум аст. Тавре аз изҳороти ў ба назар мерасад, ҳатто ў бо намояндагони КДАМ гуфтугўҳои мустақим доштааст ва ба назар мерасад, ки бо намояндагони кишварҳои хориҷ низ чунин равобити «ҳасана» барои фурухтани миллат барқарор кардааст. Ў мардуме, ки воқеан ба миллату давлат месўзад ва чунин нафарони фурухташударо маҳкум мекунанд, бо истилоҳи «фермаи ҷавоб» ёдовар мешавад ва маълум, ки вай намехоҳад ягон нафар ба ҳар гуна кору аъмоли кардааш эрод гирад, зеро ў моли беайб мебошад. Навиштаи Мирзои Салимпур саропо худсафедкунӣ, иғвоангезӣ ва пешниҳоди маълумотҳио бардурўғ ба шумор меравад ва арзиши муҳокима намуданро надорад ва танҳо мо хамчун равшанфикр ва нафари дилсўзи Ватан ин гуна андешаҳои разилонаро маҳукм менамоем.