Муроҷиат ба изҳороти сардабири «Ахбор» Мирзои Салимпур
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи муборизаҳои зиёди хунин имрўз истиқлолияту ягонагӣ ва Ваҳдати миллиро соҳиб гаштааст. Барои ҳимоя ва қадр намудани истиқлолияти миллӣ тамомишаҳрвандон бояд сарҷамъ шавем ва нагузорем, ки давлатии миллӣ, истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатии худро аз даст диҳем.
Дар замони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари ҷаҳон ба системаи ягонаи ҷаҳонишавӣ ворид гардидааст.Пешравии кишвари азизамон низ дар ҳама самтҳо сол аз сол бештар гардидааст.Барои боз ҳам ба дастовардҳои назарррас ноил гардидани Ҷумҳурии азизамон бояд тамоми халқи меҳнатдўст ва дурандешамон камари ҳиммат банданд. Сиёсати оқилонаипешгирифтаи ҳукумати ҷумҳуриро дастгирӣ намуда барои рушду нумўи кишвари азизамон саҳм гузорем. На гузорем, ки баъзан шахсони хиёнаткор ва ғаразнок ба миллату давлат, амнияту истиқлолияти миллии худ аз хориҷ нишастахалал расонанд.Имрўзҳо тавассути расонаҳои иҷтимоӣ гурўҳҳои ифротгаро ва шахсоне ёфт мешаванд, ки қасдан кўшиш менамоянд, ки оромию осудагиро дар ҷомеа халалдор созанд. Ба мисли Мирзои Салимпур! Агар дар асл Мирзои Салимпур нисбати халқу миллат ва давлати худ холисона амал мекунад, пас чаро ин қадар ба майдони мубориза баромадааст. Шахсони мансабдор ва мақомотҳои қудратиро гунаҳкор карда, аз паси парда сухан мекунад.
Аз чунин шахсон даъват ба амал менамоем, ки агар онҳо ба миллату давлати худ, оромию суботи ҷомеа хиёнате накарда бошанд ва хаёлоти ғаразнок надошта бошанд, бигзор аз майдони мубориза дур шаванд. Ба истиқлолияту якпорчагии давлати маҳбубамон, озодию осудагии халқамон дахолат накунанд.
Шарипова М – омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ