Изҳороти сармуаллими кафедраи забони тоҷикӣ Одинаев А.
Вақт чунин хусусият дорад,ки вай навобаста ба шахс ва фаъолиятиӯ мегузарад. Гуфтан мумкин аст, ки дар куҷобошем ҳам, дар баробари вақт умрамон низ то рафт кӯтоҳ мегардад. Барои ҳамин ҳар лаҳзаи умрро азиз дониста барои пешрафти кор, ободонии диёр саҳм гузоштан вазифаи аввалиндараҷаи инсонї мебошад. Хушбахтона, дар ҷамъият шахсоне ҳастанд, ки фаъолияти худро ба равнақи ватан ва оромии он равона мекунанд. Лекин баъзе шахсоне пайдо мешаванд, ки тавассути сухану кори нодурусташон осоиштагии миллатро вайрон месозанд. Фахр мекунем, ки Тољикистони мо шахсони фарњангиву меҳандӯст ва ватанпарвар дорад, ки онҳо нисбати ин гуна масъалаҳо бетараф нестанд.
Мо бо матни номаиСархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, ки ба АМИТ“Ховар” (6.01.2019) оид ба табрикоти солинавии Муҳиддин Кабирӣ изҳори назар кардааст,шинос шудем.
Ҳақиқатан соли сипаришуда, соли пурфайз буд. Бо ташаббусиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати аввали неругоҳи барқи обии “Роғун” фаъолияти худро оғоз кард, ки он барои ҳар яки тоҷикистонӣ хурсандии беназир мебошад.
Ташкили неругоҳи мазкур нафақат аҳамияти давлатӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Тоҷикистон метавонад минъбад ба дигар давлатҳои ҳамсоя бештар барқ интиқол намояд. Интиқоли барқ ба давлатҳои ҳамсоя ҳам тараққиёти иқтисодии давлатро афзоиш медиҳад, ҳам дӯстии мардумони ду давлатро боз ҳам мустаҳкам мекунад.
Лекин баъзе шахсоне ба оромиву неъматҳои табиат шукр накарда барои маблағу чиз ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дохил шуда истодаанд. Онҳо бояд донанд, ин гунакорашон нодуруст буда, оқибати бад дорад.Ба фикри мо, он шахсоне, ки ба амалњои нодуруст (гуноҳ) ё гурўњњои ѓайриќонунї дониста ё надониста дохил гардиданд, назди давлат ва миллат ба гуноњи худ иќрор гарданд, то ки дар назди мардуми Тољикистон ва Худовандолудаи гуноњу рўсияњ набошанд.