​Пешвои Миллат ҳамкориро барои рушди кишвар тақвият медиҳад

Сари масъалае, ки Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои кори ба давлатҳои стратегии рушд ва дӯст анҷом медиҳанд, мухолифони кишвар бо он зиддият нишон медиҳанд. Аммо бояд қайд намуд, ки ин носипосон ҳадафи ғаразонае доранд, ки пешравии миллати моро дидан намехоҳанд. Демократия ва Истиклолияти давлатии миллати тоҷикро нодида мегиранд.

Ин бор низ аз сафари кории Пешвои миллат ба Иттиҳоди Аврупоро зери назари худ гирифтаанд. Ин ки сарвари давлат ба куҷо мераванду киро мебинад, кори наҳзатиҳо чи бошад. Бо пикету эътирозҳои эълонкардаи худ онҳо гӯё Ҳукумати кишварро таҳдид карданианд. Дар ҳақиқат се сол қабл зимни сафари сарвари давлат ба Аврупо он нохалафон бо суханони дурӯғу мардумфиребонаи тарафи намояндагони давлат садо баланд карда буданд, ки ягон сухани он аҳамияте хосе надошта пучу бемаъно буд.

Манбаъҳое, ки паи сиёсатбозиҳои наҳзатиҳо мегардад, ҳар гуна суханбозиҳо мекунанд. Тӯҳматҳо нисбати миллати тоҷик мезанад.

Бояд гуфт, ки ин наҳзатиҳо ягона нияти барҳам додани Истиқоли мо давлати демократии мо бахусус сиёсати оқилонаи сарвари собитқадами кишвари моро доранд.

Ба наҳзатиҳо таъкид менамоям, ки шумо бениҳоят ношукру носипосед. Ва рӯзе мешавад, ки ин ношукри чашмонатонро кӯр хоҳад кард. Ба ҷоиин, ки қадами Президенти кишварро таъқиб кунед беҳатр буд барои ободии он вақ сарф кунед, то аз “ман тоҷикам” гуфтанатон осор боқӣ монад.

Шукри даврони истиқлолият аст, ки мардумони миллати мо соҳиби фарҳанги бойи адабиёту санъат ва дигар арзишҳои миллӣ ҳастанд ва бисёр мехоҳам қайд намоям, ки нафарони зиёде ба хотири муқаддас доштани ин мамлакат корҳои хотирмонеро паси сар намудаанд ва як анъаноти некеро ба имрӯзиён ҳадя сохтаанд, ки дар роҳи ба озодӣ баровардани ватани маҳбубамон заҳмату меҳнатро на барои шӯҳрату номи воло доштан ба хотире, ҷоннисори намоянд, ки ояндагон аз он баҳра баранд ва боиси ибрати онон гардад, ки ватандӯстиву ватанхоҳӣ мароми мост.

Мавлонова М.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ