Масъалаҳои амнияти давлатии Тоҷикистон ва ҳизби наҳзати исломӣ

Зиёда аз 20 сол мешавад, ки шартномаи сулҳ ва амнияти милӣ ба имзо расид. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёти осоишта гузашт ва бо корҳои созандагӣ машғул мебошад. + бо умед и ниятҳои нек ба ояндаи дурр ва наздики худ назар меафканад, заҳмат мекашад то мамлакатро обод намоя ва сатҳи зиндагии худро баланд намояд. Тоҷикистон ба давраи нави инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ қадам ниҳод. Аммо ин солҳои сипаришуда даврае буд, ки гоҳ-гоҳ ҳаёти осоиштаи халқ халалдор мешуд, ва сабабгори асосии ин нооромиҳо аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ё ҷонибдорони он буданд. Ин нооромиҳо дар шабакаи интернет бо роҳи ҷой додани ҳама гуна маводҳое, ки хусусияти ҷангҷӯёна, ифродгарона доштанд ва ё дар шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи экстремистӣ мекӯшиданд вазъиятно муташанниҷ намоянд. Аз ин лиҳоз масъалаи амниятии давлатии Тоҷикистон тӯли ин 20 сол аз мадди назари ташкилотҳои қудратӣ дурр намонда буд.

Ҳодисаҳои таърихи навини Тоҷикистон гувоҳи аз он медиҳанд, ки сабабгори асосии ин норомиҳо аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ё ҷонибдорони он буданд. Ҳоло ҳукумати мамлакат аз дарсҳои таърих (ҷангҳои шаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон, Сирия) сабақ гирифта аҳолии мамлакатро ба роҳи сулҳу амниятии давлатии Тоҷикистон ҳидоят намоянд, қувваҳои ифродгаро, баракс, тамоми неруи худро ба муташанниҷ намудани ин ҳолат равона намудаанд.

Ҳамаи мо дар хотир дорем, ки бадхоҳони Тоҷикистон дар шабакаи интернет маводҳоеро ҷой дода буданд, ки он аз пайдо шудани қувваи нави радикалӣ дар Осёи Марказӣ ба ивази ҳизби қонунан барҳам додашуда пешгӯӣ карданд.

Ғайр аз он ҷаноби Кабири таъкид мекунад, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати паст рафтани бад шудани ҳолати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар байни мамлакатҳои дунё яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд, ки ин аз эҳтимо дур аст. Гуфтан лозим аст, ки дар ҷумҳурӣ баъзе нуқсонҳои иқтисодӣ ва иҷтимои ҷой доранд, аммо ин масъалаҳо на ба он дараҷае глобалӣ мебошанд, ки солҳои наздик ҳалли худро наёбанд. Ҳаёти имрӯзаи халқи тоҷик нисбат ба он, ки мо 20 сол муқаддам доштем, кулан фарқ мекунад.

Шахсе, ки ватанпарвар аст ва ба халқи худ некхоҳ мебошад, набояд ба ӯ таҳдид кунад ва ба сари ӯ яроқ бардорад. Магар ӯ ватанпарвар аст, ки) дар шабакаи интернет мавод ҷой медиҳад ва ҷаҳониёнро аз инқилоби октябр дар Тоҷикистон огоҳ мекунад.

Шарипов В. А., Шарипова М. А., ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ