​Изҳороти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ

Мо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, дунявӣ, демократӣ ва осмони софу беғубори Ватани азизамон озодона кор ва фаъолият мебарем. Дар тӯли қариб 30-соли Истиқлолияти миллӣ таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои созандагиву ободкорӣ шабонарӯзии роҳбарияти давлат Ватани азизамон ба як диёри биҳиштсаро табдил ёфтааст.

Мо хушбахт аз он ҳастем, ки ватани ободу зебо, ҷомеаи солим давлате, ки пешрафти устувори иқтисоди миллиро баланд бардошта истодааст ва ҳамеша дар ғамхории халқаст қарор дорем.

20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карда, иброз доштанд аз ҷумла, барои ҷавобгӯ гардондани мӯҳтавои барномаи телевизион ва радио ва рӯйдодҳои ҷаҳон, минтақа, кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, таҳияи барномаҳои ҷиддии таҳлилӣ бо ҷалби коршиносон ва идомаи анъанаи таҳияи филмҳои телевизион чораҳои иловагӣ андешида шаванд, дар щабакаҳои телевизионии давлатӣ ба намоиши барномаву филмҳои таъсиррасон, матлабҳои нишонрас ва фошкунандаи ҳадафҳои хатарбори ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, наворҳои ҷавобгӯ ба ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ афзалияти бештар дода шавад, мунтазам барномаҳо оид ба кашфиёту ихтирооти ҷадиди илму техника, ташаккули ҷаҳонбинии васеи илмӣ, ошкор кардани сабаб ва воқеияти рӯйдодҳои олам таҳия гарданд, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаҳои махсус барои пахш кардани хабару навидҳо дар байни муҳоҷирони тоҷик ва умуман тоҷикони бурунмарзӣ таъсис диҳад.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати барномаҳо, заминаи моддиву техникӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи телевизион ва радио зарур аст, ки Барномаи рушди телевизион ва радиои миллӣ, инчунин, Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 таҳия ва пешниҳод гардад.

Мо бо Президенти кишвари худ фахр дорем!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ