“Паймони миллии Тоҷикистон“ – иғвои навбатие бар зидди сиёсати давлатии Тоҷикистон
Аз таърихи ин иттиҳодия ростӣ ин қадар маълумоти дақиқе нест, чун маълумотҳо ҳама пурихтилофу гуногунмазмунанд, ин ҳам бошад аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иттиҳодия дорои ҳадафҳои пасипардагӣ буда, бар зидди халқи тоҷик ва сиёсати давлатии Тоҷикистон ҳадафҳои иғвогарона дорад.
Аслан, дар таърихи моҳи сентябри соли 2018 расман ин иттиҳодия дар хориҷи мамлакат таъсис дода шудааст, дар ин раванд сараввал мақсади асосии ин иттиҳодия муттаҳид сохтани ташкилотҳое чун: “Анҷумани озодандешони тоҷик”, “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” ва “Ҳизби наҳзати ислом” будааст. Лек чун бадтар аён гардид дар ташкил ва баргузории як қатор гирдиҳамоиҳову нишастҳои иғвогарона алайҳи сиёсати давлатии Тоҷикистон саҳмгузор будааст. Ногуфта намонад, ки талаботи молии худро аз тарафи хоҷагони хориҷиашон қонеъ карда дар ин раванд ҳеҷ мушкилоте надоранд, ин ҳам аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар паси парда боз ҳамон “хайрхоҳон”-и Аврупоиву Амрикоӣ истода идораи ин гурӯҳ ташкилотҳоро бар нафъи худ медонанд. Мурод аз ташкилу таъсиси чунин ташкилотҳо ин барбод додани фазои ороми сиёсии мамлакат мебошад. Вале мо шаҳрвандони бо нангу номуси миллат намехоҳем, ки таърихи солҳои навадум бар сари халқи тоҷик боз дубора ояд. Чун имрӯз таҳлилҳои сиёсатмадорону сиёсатшиносон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки саҳми “хоҷагони хориҷӣ” дар ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум басо назаррас буд. Ва ҳеҷ ягон шаҳрванди баору номуси миллат, ки аз ин воқеот бохабар аст, намехоҳад, ки фазои ороми сиёсии мамлакатамонро омилҳои беруна халалдор созад. Аз ин лиҳоз зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди чунин гурӯҳҳову фирқаҳои ғаразнок мубориза бояд кард. Ростӣ ин ташкилотҳову иттиҳодияҳо қодир ҳам нестанд, ки фазои ороми сиёсии мамлакатамонро халалдор созанд. Зеро азсиёсати хирадмандонаи пешвои миллат ҳамагон ба хубӣ огоҳанд, чун обруву нуфузи миллат ва ғояҳои миллиро ба ҷаҳониён муаррифгари хуб ҳам ҳастанд. Таъмини амнияти миллӣ ва мардумӣ низ бар зиммаи пешвои миллат аст, ки хайрхоҳи халқу миллат мебошанд. Ва мо осудагиву осоиштагиро дар зери роҳбарии ин сиёсатмадори неруманд ва абарқудрат ҳамаҷониба эҳсос менамоем. Мурод аз ин гуфтаҳо чи буд, ки ҳеҷ ягон ҷиноятпешаҳои мухолифин, наметавонанд бар зидди давлату сиёсати Тоҷикистон дар дохили мамлакат муқовимат нишон диҳанд ва маҷбуранд, ки аз хориҷа бар зарари мо тоҷикону Тоҷикистониён амалҳои зиштро анҷом диҳанд.
Аслан, барои чи маҳз ҷиноятпешаҳову ашхосони тамоман ношинос ба ҳайси намояндагиву роҳбарӣ бар чунин ташкилотҳову иттиҳодияҳо таин мешаванду намояндагӣ мекунанд? Барои посух ба ин суол як чизро хуб бояд дарк кард, ки хоҷагони хориҷиро маҳз чунин одамон дилписандӣ мекунанд. Пӯшида ҳам нест, ки мақсадҳои ғаразноки сиёсати иғвргаронаи Амрикову Аврупо маҳз бо воситаи ин ташкилоҳову иттиҳодияҳо амалӣ мегарданд. Ва аз истифодаи ҳар гуна роҳҳову усулҳои ба худашон муфид мехоҳанд чунин амалҳои ноҷавонмардонаро роҳандозӣ намоянд.
Пас, моро лозим меояд, ки душманони пасипардагиямонро аз наздик шиносем ва Худо накунад, ки бар доми фиреби онҳо фароем, зеро душманони мамлакат ҳамагон зишткору лек худро хайрхоҳу дилсӯз нишон медиҳанд, ки аз “дилсӯзиву хайрхоҳӣ”-и онҳо имрӯз халқҳои Сурияву Украина хуб бархӯрдоранд.
Шуъбаи табъу нашр.