​Изҳороти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ

Кишвари азизамон Тоҷикистон имрӯз хело зебою обод шуда истодааст. Шаҳрвандони мо ҳаёти орому осоишта дошта аз хурд то калон барои боз ҳам гул-гулшукуфии Тоҷикистон камари ҳиммат баста бо ғайрати дучанду меҳнат карда истодааст. Аммо ҳоло ҳам баъзе шахсоне ҳастанд, ки фирефтаи сухани шахсони фирефтакор шуда истодаанд.

Мо устодону донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология аз шомил шудани яке аз донишҷӯ Гадоев ба ҳизбу ҳаракати «Салафия» бохабар шуда, бадкирдорони ӯро маҳкум менамоем.

Мо изҳорот менамоем, ки чунин амали Гадоев нанговар буда, барои дигар роҳгумзадагон ҳушёр гарданд. Мо бо донишҷӯёни факултет дар ин бора бисёр сӯҳбатҳо гузаронида, онҳоро ба одоби ҳамида ва зиракию ҳушёрии сиёсӣ даъват менамоем.

Муллоҷонов М.М. сармуаллими кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ