​Тарбияи фарзандони бонангу номус — кори дастаҷамъии аҳли ҷомеа

Тарбияи фарзандони бонангу номус — кори дастаҷамъии аҳли ҷомеа

Солҳои охир ҳодисаҳои номатлубу хатарнок бо номи ифротгароӣ, тероризм, зўроварӣ, экстримизм, аз тарафи ҷавонон ба чашм мерасад. Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи гуногун иброз доштаанд, ки «террорист, Ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва аз ин рӯ мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад». Дар айни замон ба омилҳои паҳн гаштани зуҳуроти терроризм ва экстремизм мо бояд фаромӯш накунем, ки асоси он дар соҳаи иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир ниҳон аст. Албатта ин ҳама чораҳо барои беҳбудии ҷавонон ва пурмасъулият гардидани волидони онҳо андешида мешавад. Зеро аз роҳи бад гардонидани фарзанд ин вазифаи волидон мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд аз сулҳу суботи имрӯза шукргузорӣ намоянд. Аз ин рў он ҷавононе, ки шоми 13-январи соли равон дар шаҳри Хоруӣ сабаби сар задани муноқишагардиданд аз тарафи ҷомеаи кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими он маҳкум карда мешавад.

Барои пешгирии ингуна ҳодисаҳо мо, омӯзгорон, кӯшиш намоем, ки насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ҳимоятгарӣ тарбият намоем ва таъкид намоем, ки чун як фарзанди бонангу номус ва барои миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизи худ ифтихор кунанд, марзу буми онро ҳимоят намуда, бар зидди ташкилотҳои террористӣ мубориза баранд. Зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол умед ба ҷавонони ояндасоз ва бо нангу номус боварии том дорад.

Аъзоёни кафедраи физикаи назариявӣ

ва методикаи таълими физика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ