​Изҳороти устодони факултети санъат

Асосгузори сулњу вањдат, Пешвои миллат мўњтарам Эмомалї Рањмон ба аќлу хиради азалї ва сабру тањаммули беназири халќи тољик дар роњи расидан ба сулњ ишора намуда, дар яке аз аз суханронии худ бо ифтихор таъкид сохт, ки «Пойдевори давлати соњибистиќлоли тољикон мањз натиљаи талошу муборизаи фарзандони фарзонаи ватан ва аќлу хирад ва кўшишу ѓайрати миллати хоксору сарбаландамон аст. Аз ин рў меарзад, ки бо чунин халќ ифтихор кунем ва ин гуна миллатро тољи сар намоем. Зеро чунин миллати шикастнопазир арзандаи самимитарин муњаббату эњтиром ва сазовори маќоми шоиста дар љомеаи башар аст».

Боиси ифтихор аст, ки таљрибаи сулњи тољикон аз ҷониби кишварњои ҷањон ва созмонњои бонуфузи байналмиллал мавриди омўзиш ќарор гирифта ва он барои њалли муноќишот дар нуќтаи дигари љањон истифода мешавад.Барќарории сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон боиси таѓйиротњои куллї дар њаёти сиёсї, иќтисодї ва фарњангию маънавии љомеа гардида, ба пешрафти иќтисодиёти кишвар такони љиддї бахшид.

Мутаассифона, зуњуроти номатлуб - терроризм ва ифротгароӣ дар баробари дигар кишварњо ба Тоҷикистони мо низ тањдид мекунад ваљавонони гумроњ ба ин равияњо љалб гашта истодаанд. Аз љониби маќомоти њуќуќї бо таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти халќ, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динї солњои охир ошкор шуда истодааст. Мардуми соњибмаърифат бояд аз њилаву макри душманони миллат, хоинону бадниятонро сариваќт дарк кунанд ва њаргиз фирефтаи фиреб нашаванд. Њар кас, ки соњиби аќлу фиросат аст, маќсадњои ташкили њамоишу барангехтани мардумро мефањмад. Албатта, наќшаву ниятњои мардуми разил, ки аз нотавонбинї халалдор кардани оромиву осоиштагии Тољикистони азиз аст, ба зудї ошкор гашта, мувофиќи ќонун љазо мегиранд. Инсонњои бадгуњар дар тамоми давру замон буданду њастанд ва танњо хиради ашхоси соњибмаърифат метавонад боздорандаи ќасди шуми онњо шавад:

Гургро худ хосият бидридан аст,

Ин њасад дар халќ охир равшан аст.

Барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азиз бояд њамеша омода бошем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем. Мањз сиёсати хирадмандонаи Љаноби Олї тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Ба роњи тайкардаи љумњурии соњибистиќлол назар афканда, ба ифтихор метавон ёдовар шуд, ки он ощози марњалаи нави таърихи кишвар, марњалаи бунёдкоруву созандагї гардид. Сарфи назар аз њамаи мушкилоти давраи гузариш муддати начандон тўлонии Истиќлолиятро бо камоли итминону ифтихор ављи худшиносї ба бедории миллии тољикон номид.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ