Ҳамовозӣ ба хабари таҳлилгар Фирдавс Каримов зери унвони «САҲА пуштибони терроризму поймолкунандаи ҳуқуқи башар»

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ашхос ё гурўҳҳои мухолифине ҳастанд, ки ба тинҷиву оромӣ ва истиқлолияти давлатии хеш ношукрӣ карда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мехоҳанд, аминияти ватани хешро халалдор кунанд.

Тўли солҳои охир дар ҷумҳурии мо низ ингуна ашхос ва гурӯҳҳое пайдо шуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ мехоҳанд амнияти давлатро халалдор кунанд.

Маълум аст, ки пас аз манъ шудани фаъолияти ҳизби террористӣ-экстримистии наҳзати ислом дар Тоҷикистон, бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ таҳти пуштибонии давлатҳои манфиатдори хориҷа аз берун бе ягон асоси амиқ амнияту оромии Ватани моро халалдор намуда истодааст. Якчанд муддат Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ин гурӯҳи нохалафро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намуд. Аммо бо гузашти вақт давлати мазкур низ аз дастгирии М.Кабирӣ ва ҳамсабақонаш даст кашида, сарвари давлати Эрон расман эълон намуд, ки дигар ин гуруҳи террористӣ-экстримистиробо роҳбарии М.Кабирӣ минбаъд пуштибонӣ нахоҳад кард.

Мутаасифона, имрӯз баъзе созмонҳои ҷахонӣ низ ин гуна гурӯҳҳои тундгароро пуштибонӣ намуда истодаанд. Аз ҷумлаи ин ҳизбҳо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) маҳсуб меёбад. Албата, маълум мешавад, ки созмони мазкур барои чунин рафтори худ беманфиат нест! ва мехоҳад дар ҳамкорӣ бо ин гурӯҳҳо дар дигар манотиқҳо нуфузи мустаҳками худро пайдо кунад. Чӣ аз лиҳози қтисодӣ ва ҳарбиву дигар соҳаҳо бошад, онҳо мехоҳанд, ки ҳама давлатҳо муттаҳами онҳо бошад.

Дигар ин ки даъват карда шудани М.Кабирӣ ба конференсияҳои худ аз ҷониби САҲА далели гуфтаҳои болост!

Хабари таҳлилгар Фирдавс Каримов саривақтӣ буда, мазмуни чуқури таҳлилиро фарогир аст. Ӯ қайд мекунад, ки: «Имрўз ба тамоми кишварҳои дунё фаъолияти САҲА, аз ҷумла ба Тоҷикистон маълум гашт, ки сабабгори асосӣ дар муноқишаҳои кишварҳои мусалмонӣ, бахусус Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои даргир дасти онҳо ҳасту сабабгори асосӣ ба ҳисоб мераванд…».

Аз ин маълумот бармеояд, ки аз нооромиҳои давлатҳои Шарқ, аз ҷумла Тоҷикистон созмони САҲА манфиатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии худро доро аст. Ин рафтори созмони мазкур ҳар яки мо мардуми шарафманди Тоҷикистонро водор мекунад, ки ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Зеро, оқибатҳои мақсадҳои нохалафонаи М.Кабирӣ ва ҳамсафони ӯ дар Тоҷикистон ба мо маълум аст. Вазифаи муқаддаси мо ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватани азизамон ба шумор меравад. Аз ин рӯ бояд якдилонаву софдилона зидди чунин ҳизби террористӣ-экстримистии хони Ватан ва дигар созмону ташкилотҳои манфиатхоҳи нооромии Тоҷикистон мубориза бурд.

Ҷабборов Иброҳим Рахматович – н.и.т., дотсет, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Шарипов Муҳаммад Маъруфович – муаллими донишгоҳи мазкур

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ