​Ба қирғиз салом додӣ 1000 танга товон додӣ…

Бесабаб ҳикмати халқ «Ба қирғиз салом додӣ 1000 танга товон додӣ» намегуфтааст. Ин аз он сабаб аст, ки дар тӯли таърихи куҳан хӯю ҳислати ин миллатро мардум хуб омӯхта, чунин баҳогузорӣ кардаанд.

Дар саҳифаҳои таърихи дӯстии мардуми тоҷику қирғиз лаҳзаҳои зиёди ҳайратовар ва мафтункунанда ҳам ҳастанд, ки мисоли барҷастааш дӯстӣ ва бародарии Чингиз Айтматов ва Мирзо Турсунзода мебошад ва чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Аммо чун сухан доир ба манфиат меравад, аз дасти қирғиз саломкарда ҳам товон доданаш мумкин будааст.

Чанде пеш шоҳиди мулоқоти Сарварони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар нуқтаи сарҳадии деҳаи Ворух гардидем ва умедҳо зинда шуданд, ки дигар низоъ дар сарҳад барнамехезад, аммо кор боз ранги дигар гирифтааст. Ин навбат дар деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Майдончаи варзишии мактаби таҳсилоти умумии № 8 ҷамоати Овчиқалъача, ки чандин сол ин ҷониб ҳудуди Тоҷикистон дониста мешуд, ба даъвои азони қирғизҳо будан гирифтор гашт.

Гап дар сари он аст, ки майдончаи мактаб худсарона аз тарафи сокинони деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба даст дароварда шуда, ба бозори маҳсулоти хоҷагии халқ табдил дода шудааст, ки ин ҳодиса соли 2018 рух дода буд.

Як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мехоҳад, ки майдончаро обод кунад, аммо сокинони деҳаи Мақсад бо раиси он Сафарбек Айдинаев ба майдонча омада, исрор мекунанд, ки ин корро накунад, зеро он ҳудуди баҳснок аст. Бо ин амали худ онҳо боз як бори дигар мехоҳанд, ки дар сарҳад низоъро барангезанд.

Аммо ман ба чизи дигар ҳайронам. Чаро масъулони мактаб, ҷамоати Овчиқалъача ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бозор кардани майдончаи мактаб роҳ додаанд? Магар ба чунин ҳол омадан худи мо тоҷикон низ гунаҳкор нестем? Мо сустии тоҷикона мекунему қиғизҳо ҷустии туркона.

Сафарбек Айдинаев мутобиқи нишондоди ҳукумати кишвараш доир ба минтақаи баҳсноки наздисарҳадӣ сухан мекунад. Мо бошем, ҳақиқати чандинсоларо нодида мегирем.

Ҳам дар баҳсҳои сархадии Ворух, ҳамдар Овчиқалъача ба назар мерасад, ки сабагорони низоъ на мардуми оддии тоҷик ва ё қирғиз, балки гурӯҳхои манфиатҷӯ ҳам хастанд, ки обро лой карда, моҳӣ доштанӣ мешаванд. Барои манфиати шахсӣ миллатҳоро ба ҳам мешӯронанд ва тибқи мақоли «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» амал мекунанд.

Минтақае, ки номбар гардид, давоми асрҳо бо дӯстии байни тоҷикону қирғизҳо маъруф аст. Дар мазори Хоҷа Баҳорон варианти қирғизияш Хоҷа Боқирғон асрҳои аср аст, ки тоҷик ба сар тоқӣ ва қирғиз қалпоқ пӯшида якҷоя ибодат мекунанд. Оилаҳои муштарак ба вуҷуд омадааст. Набояд роҳ дод, ки низоъ ва баҳсҳои сарҳадӣ дар ин минтақа авҷ гиранд.

Ислом Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ