​Изҳороти Луғмонова Шафоат Одилҷоновна- сармуаллимаи кафедраи физикаиумумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физикаю техника

Бархе аз душманони бадхоҳсараввал тобу тоқати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати тоҷикро ба ҳамдигар ивғо андохтанд, ҷангҳои бародаркуширо ташкил намуданд, манзили тоҷиконро ба харобиҳо табдил дода мардумонашро муҳоҷир гардониданд, ки дар натиҷа садҳо ҳазор кӯдакон бепарастор монданд. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида буд. Сабаби асосии оғози ҷанги шаҳрвандӣ ин аз таърих, фарҳанги тамаддун, аз бузургию шаъни гузаштагони худ огоҳ набудани силоҳбадастон буд.

Гуфтаву кардаҳои сомонаи “Ахбор”, “Фермаи ҷавоб” –ро мутолиа намуда дар хайрат афтодем. Ногуфта намонад, ки тинҷию ободии Ватанамон ба мо бо осонӣ ба даст наомадааст:

Ватан бошад ба мо бас ганҷи қимат,

Фароғат дар канори он ғанимат.

Ба ҳифзи марзу бумаш ҷон ато кун

Агар бошӣ ту фарзанди баҳиммат.

Барои ҳамин мо тоҷикон ба гуфтаҳои дигарон гӯш надода андеша намоем, ки ҳоло дар Тоҷикистон сулҳу сабот ҳукмфармо мебошад ва аз ин руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намоянд, марзу буми онро ҳимоя кардадар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ донем.

Ватанам, як нафас аз ёди ту фориғ нашавам,

Фориғи дар раҳи ту меҳри туро бохтан аст.

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан

Дар Ватан будан бе ёди ватан беватан аст.

Бо баробари расидан ба истиқлоли миллӣ миллати азиятдидаву ранҷкашидаитоҷик соҳибистиқлол гардид ва дар кишвар нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфмкрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадият, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо гардид. Барои ноил гардидан ба ин, миллати тоҷик азобу уқубатҳои хеле зиёдеро паси сар намуд ва мардуми босабру тоқати тоҷик ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда мардонавор қадам ниҳод.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ