​Мо ободему озодем!!!! (Изҳороти ҷомеаи устодони факултети педагогӣ)

Вақтҳои охир дар дунё ҷангу бесару сомониҳои зиёде рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ин ҳама бесару сомониҳое, ки мухолифину “ватандорон” – и халқҳои гуногуни дунё ташкил медиҳанд, ба фикру ақоиди онҳо табаддулоту таҳаввулоти беканоре анҷом медиҳанд.

Баъзеаз “ватандорон” – у “меҳанпарастон” – и халқи тоҷик байни худ ҷанги иттилоотие сохта, фикр мекунанд, ба Тоҷикистони азизу халқи кишвар баҳри беҳтар гардониву зиндагии осоишта роҳнамоӣ месозанд. Дар ин саф Мирзои Салимпурро яке аз пешсафони ин самт номбурдан хато намебуд, зеро худро рӯзноманигори озод, бетараф ва ватандор мехонаду дар хориҷи кишвар нишаста, аз тамоми ҷунбиши дар кишвар рух дода огоҳӣ ёфта, агар мӯре дар ин сарзамин ҷаҳиш менамуд, филе нишон дода, бо шиоре итоб мекунад, ки “бетараф ҳастам, касеву чизеро тарафторӣ намекунам... танҳо ба хотири ободонии кишвари тоҷик фаъолият дорам!!!”...

Баъди мутолиаи ахбору навидҳое, ки ин “ватандорон” –и кишвар пешкаши хонанда мегузорад, шахси равшанфикр ба хулосаи ягона меояд, ки ин ҳама гузоришу хабарҳои ӯ ба хотири ободӣ набуда, танҳо баҳри ба дигар самт равона сохтани ақоиди хонишгар мебошад.

Ин “ватандорон” як чизеро ба хубӣ намефаҳманд, ки моро ватандорону меҳанпарастони халқи беназири тоҷикро дар ин сарзамини гулзамин ин ободӣ, ин сарсабзӣ, ин гул–гул шукуфоӣ, ин сайри даману сайри лолаҳои гулбун, бо Пешвои муаззами худ будан, пайрави кору пайкори ин Родмард будан хуш аст! Мо дар сар ватан дорем, аз ободии кишвари озоди худ меболем, бо Пешвои оқилу донои худ мефахрем, моро дигар чизе лозим нест!!!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ