​Як қадам ба ақиб ва даҳ қадам ба пеш

Дар замони ҷаҳонишавӣ масоили асосӣ, «сиёсати геополитикӣ»-ро дар назар доранд, ҳимоя кардани давлат аз мудохилаи беруна аст.. Аз ин рӯ муаммоҳои тақсимоти марзу бум, пайдо шудани соҳибони обҳои ҷорӣ ва ғайраҳо имрӯз барои мардуми мо пеш омадааст.

Масъалаи оби Исфара бо омадани сарварони ду давлат қариб, ки аз байн низоъро бардошт, ё ин ки кам кард, акнун имрӯз низоъ дар дигар тарафи сарҳади байни тоҷику қирғиз сар зада истодааст. Ин аз чӣ далолат мекунад. Яъне бо чашмони ба сар ва бо ақли солим дарк кардан мушкил нест, ки ба ин низоъҳо кӣ манфиатдор асту, кӣ инҳоро барои ҳамин гуна корҳо сафарбар мекунад.

Имрӯз ҷанҷоли дигари марзии назди ноҳияи Овчиқалача ин майдончаи варзишии мактаб буда, баҳонаи беасос, ё бемантиқ, ки ин марзи қирғиз асту гӯё дар он ҷо сохтмони мактаб шудааст ба миён омад. Саволе пайдо мешавад, ки дар вақти сохтмони мактаб муҳандисон ва дигар кормандони кумитаи замин, ки барои он иҷозат доданд намедонистанд магар?!

Ин ҳамон шиори худи мардуми бодиянишини қирғиз аст, ки онҳо мегӯянд, ки «як қадам ба ақиб ва даҳ қадам ба пеш». Барои ноором кардани вазъияти назди сарҳадии тоҷику қирғиз бошад мардуми зиёд хоҳишманд аст. Онҳо хеле ҷиддан кӯшиш мекунанд, ки мардумро ба ноором кардани давлати мо сафарбар кунанд. Аммо чанд маротибае, ки онҳо ҳаракат мекунанд ҳамон қадар тирашон хок мехурад, зеро халқи тоҷик аз ибтидо халқи сабур аст ва ба ҳар гуна фитнаҳо фирефта намешавад.

Вақте ки дар раванди навовариҳои илмӣ ва фаннию техникӣ мо метавонем ба бунёди сохтмонҳои азими аср, аз қабили нақбҳо, роҳу пулҳои аҳамияти бузурги байналмилалидошта, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мераҳонанд, метавонад рушду инкишофи минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакатамонро таъмин намояд. Бинои як қатор неругоҳҳои барқи обӣ дар кишвари азизамон низ аз ҳамин ибтикороти бузург ба шумор меравад.

Дастовардҳои бузурге, ки дар ҷодаи илму техника, пеш аз ҳама, рушди маънавии ҷавонон ба чашм мерасад, башорати самараҳои даврони истиқлол буда, ҳар як ҷавони соҳибватанро водор менамояд, беш аз пеш дар устувории таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши худро гузорад, гузашта аз ин, барои пойдории сулҳу суботи мамлакат пайваста кӯшиш намояд.

Нависандаи фаронсавӣ Виктор Гюго аз даричаи нигоҳи худ ба ин масоил мепардозад: «Дар ҷаҳон халқи кам вуҷуд надорад…Бузургии халқро бо шумораи аҳолиаш намесанҷанд, ба мисле, ки шахси бузургро бо қадаш чен намекунанд». Пас, бигзор Ватани азизи мо-Тоҷикистонро ҳамон гунае бишносанд, ки шарари меҳри мардумаш мисли гармои офтоб рӯҳбахш бошаду дар он худшиносии ҳар як фарди бономусу нанги он ҳувайдо бошад.

Бинобар ин гуфтанӣ ҳастем, ки мо дар атрофи роҳбари давлат, сарвари оқилу фозилу худамон сарҷамъ буда, барои як порчаи замини худ мубориза мебарем. Зеро имрӯз давлату мардуми тоҷик ба пои худ устувор аст, рукнҳои давлатӣ низ вазифаҳои худашро аллакай ба хубӣ анҷом дода истодааст ва аз ин рӯ замини кӯҳистони мо ин ватани мостмо барои ҳифзи ватанамон то қатраи охири хунамон мубориза мебарем.

Шарипова М.З.-дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ