​Пушаймони оқибат суд надорад

Дар ибтидои солҳои 90-ум баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ як гурӯҳ душманони халқи тоҷик , барои барҳам додани сулҳу субот дар Тоҷикистон сайъ мекарданд. Ин сабаб шуд, ки ҳизби ифротгарои ТЭТ ҲНИ ташкил ёфта боиси маргу хунрезиҳои зиёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гашт. Дар он рӯзҳо як гурӯҳрӯзноманигорон, ки тарбияи ин қабоили бадсириштро гирифта буданд, барои зеру забар кардани Тоҷикистон барои маблағ ё амал ба ин душманон ёрӣ мерасониданд. Мирзои Салимпур низ аз ҷумлаи онҳое мебошад, ки мехоҳад ба оромиву осоиштагии кишвари азизамон тавассути ахбору вокунишҳои ифротгароёнаи хеш халал ворид созад. Дар барбоддодани ҳаёти 155 ҳазор нафар одамон ва расидани зарари моддӣ ба миқдори 9 миллиард доллар дар чанги шаҳрвандӣ аз "корномаҳои” бузурги ҳамин рузноманигорони пастфитрати ТЭТ ҲНИ, аз қабили М.Салимпур буд ва то ҳол вуҷуд дорад. Имрӯз М.Салимпур аз хорич истода боз бо ҳамон шеваи пур аз кинаю адоваташ, разолаташ, қабоҳаташ ба қавли худаш ба ин диёр, ин мардум борони тухмату лаънат, дашном мефиристад. Ҳамаи онҳоролозим аст, ки дар назди қонун барои ин тӯҳмату буҳтонҳояшон ҷавоб диҳанд. Аз ҷумла,Салимпур низмасъул аст имруз дар назди қонун, ҷомеа ва мардумитоҷик ҷавоб гӯяд, тавба кунад, аз кардаҳои хешпушаймонӣ изҳор намояд, то ки гирифтори нафрату бадбинии халқ нагардад.

Изҳороти устодони факултети биология ва химия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ