​ШОҲИДИ РӮЙДОДИ МУҲИМ ГАРДИДЕМ

Имрӯз мардуми Тоҷикистон шоҳиди рӯйдоди муҳиме, ки дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд, гардид, яъне 9 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуюмин агрегати НБО-и Роғун ҳусни оғоз бахшиданд. Пешвои миллат дар ин маросим таъкид карданд, ки НБО-и Роғун яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад. Зеро рушди иқтисоди кишвар аз бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ вобастагии калон дорад. Сохтмони иншооти бузурги аҳамияти стратегӣ – НБО-и Роғун дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши муҳим мебозад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо менамояд, ки ҳам талаботи дохилиро бо барқ таъмин ва ҳам ба кишварҳои хориҷ барқ содир созад. Бо вуҷуди душвориҳои чандинсола ва сарфи маблағу вақти иловагӣ Ҳукумат барои ташхиси мустақили байналмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва арзёбии таъсири экологиву иҷтимоии он ҳанӯз моҳи декабри соли 2007 ба Бонки Умумиҷаҳонӣ муроҷиат кард ва онҳо корҳои ташхису арзёбии лоиҳаро аз назар гузаронида, ҷавоби мусбӣ гирифта шуд.Нерӯгоҳи Роғун барои кишвари мо иншооти тақдирсоз мебошад ва корҳои барқарорсозии онро тибқи нақшаи бо Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқашуда пеш бурда шуд.

Инчунин, бунёди НБО-и Роғун барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург аст. Ба ҳар як фарди Тоҷикистон ин сохтмон боиси ифтихору шараф дар сарнавишти рушди миллату давлат ба шумор меравад.

Дар яке аз баромадҳояш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”. Он рӯзҳо насиб кард, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат28-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ва ба истифода додани агрегати дуюми НБО-и Роғунро ҷашн гирифта истодааст, ки ин рӯзи некро мардуми Точикистон солҳо интизор буданд.

Равшан Усанов,

номзадҳои илмҳои фалсафа, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ