​МАФКУРАИ МИЛЛӢ ЗАМИНАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

«Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дурнамои сиёсати давлати

Тоҷикистон бевосита ба афкори ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон асос меёбад”

Эмомалӣ Раҳмон

Пойдории давлат ва таҳкими асосҳои сохтори конститутсионии он ҳадафҳое мебошанд, ки бо сиёсати омирона дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ, рушди бомароми низоми иқтисодӣ, пешрафти мунтазами ҳаёти иҷтимоӣ, таъриху фарҳанги пурғановат, руҳияи созандаи халқу худшиносии миллӣ ва ба ин монанд дигар омилҳои муҳим таъмин гардида, кафолат дода мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳафт самти рушди давлатдории миллии худро муқаррар намудааст, ки заминаи онҳоро асосан арзишҳои иҷтимоии мафкуравӣ (идеологӣ) ташкил медиҳанд.

Мафкураи миллӣ – ин таҳкурсиест, ки асоси он дар давлатдории миллӣ рушд мегирад (ниг.: 8). Муайян намудани вазъи идеявӣ-дурнигаронаи давлат матлаби муборизаи тезу тунди сиёсӣ буда, то имрӯз мушаххас ва пурра ҳамчун низом дар ягон санади ҳуқуқӣ мустаҳкам карда нашудааст.

Муқаррароти талфифии конститутсионии «Ҳеҷ як мафкура ба ҳайси мафкураи давлатӣ қабул карда намешавад…» ҳарчанд дар якчанд конститутсияҳои давлатҳои муосир оварда шуда бошад ҳам, вале то имрӯз дар ягон низоми сиёсӣ ва дурнамои иҷтимоии давлатҳо идеологияи миллӣ аз меҳвари давлатдорӣ берун намондааст.

Бо гузаронидани як руҷӯи хурди лингвистикӣ маълум карда шуд, ки аз сабаби он, ки солҳои 90-ум собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади қабули Конститутсияҳои нави худ аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё истифода бурданд, ҳангоми тарҷумаи баъзе мафҳумҳо ва истилоҳот моҳият ва мазмуни онҳо дигаргун шуданд.

Олими рус Якунин В.И. бамавқеъ қайд намудааст: «Бе идеяи миллӣ ҳеҷ як миллат таърихан устувор ва фотеҳ буда наметавонад» (19). Сотсиологи немис ва бритониёӣ К. Мангейм бошад чунин овардааст, ки: “Дар давлат ва ҷамъият мавҷуд набудани мафкураи роҳбарикунанда, муттаҳидкунанда ва сафарбаркунандаи одамон барои бадастоварии мақсадҳои ҷамъиятӣ, давлат ва ҷамъиятро оморфӣ (сохтори вайрон) мекунад, ки дар он ҳар кас мақсад ва манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро дунбола гирифта, аз масъулияти иҷтимоӣ ва ояндаи давлат канора мегирад” (12).

Ба ақидаи Иванова С.Ю. вобаста ба таиноти худ се самти идеяи миллӣ вуҷуд дорад:

Якум, ин шинохти умумияти миллӣ.

Дуввум, таъиноти асоснок ва маънии мавҷудияти миллат.

Саввум, ин сохтори идеали милли худ, ки гузашта, ҳозира ва ояндаи миллатро дар якҷоягӣ муттаҳид мегардонад (9).

Идеяи миллӣ бо ифодакунии арзишҳои моддиву маънавӣ ду давра – гузашта ва ояндаро дар бар гирифта, вобаста ба марҳилаҳои рушди давлатдорӣ моҳиятан тағйир ёфтааст, ки давраи аввал барои худшиносии миллӣ ва дуввум барои муқарраркунии ҳадафҳои олии миллат вобаста мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаврид қайд намудаанд, ки: “Бе донистани таърих худшиносии миллӣ нест, ватандӯстӣ нест, ворисияти наслҳо имкон надорад. Бе гузаштаи таърихӣ ифтихори миллӣ ба худпарастии миллӣ ва ватанпарастии дурӯғин табдил меёбад” (18).

Д.А. Крилов овардааст: “Ҳифзи таърих низ ба сифати идеяи миллӣ эълон дошта мешавад”( 10, с. 13).“Гузаштаи пурифтихор, одамони бузург - ба ақидаи Ж.Э. Ренан, – сармояи муҳимест, ки дар асоси он идеяи миллӣ ташаккул меёбад” (14, с.70).

Ё худ дар яке аз суханрониҳои худ собиқ Президенти ИМА Барак Обама “аз ёд набаровардани уқубати миллӣ... ва ояндаи дурахшони Амрико”-ро ҳамчун меҳвари идеяи миллӣ эълон дошта буд. Азиятҳои дар тӯли таърих дидаи яҳудиён бошад ин миллатро ба ғояи ягона оварда, онро соҳибдавлату нерӯманд гардонид. Агар азият ва уқубати миллат яке аз асосҳои ғоявии ташкилёбӣ ва пойдории давлати миллӣ намебуд, шояд қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ асарҳои “Ҷаллодони Бухоро”, “Одина”, “Дохунда”, “Ғуломон”, “Мактаби кӯҳна”, “Ятим” ва «Ёддоштҳо»-ро ҳам наменавишт.

Бинобар ин идеяи миллӣ аз оғози давлатдории халқи тоҷик то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳарчанд баъзе унсур ва арзишҳои худро тағйир дода бошад ҳам, вале ғояи олӣ – мубориза барои ҳастии миллат ва бартарафсозии хавфи азбайнравии давлат ҳамоно боқӣ мондааст. Хусусан, аз лаҳзаи зуҳури худ (авлодони) халқи тоҷикро дар ҳайати давлатҳои шоҳаншоҳии мутлақи динӣ (теократӣ) – бохтариҳо, ҳахоманишҳо, қушониҳо, сосониҳо, тоҳириҳо, саффориҳо, сомониҳо, ғазнавиҳо, ғуриҳо, куртҳои Ҳирот ва сарбадориҳо, дар ҳайати Иттифоқи Шӯравӣ ҳамчун ҷумҳурии шуравӣ то истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ метавон ҳамчун як навъ давлатдории тоҷикон дар аҳди сулолаҳои гуногун ва давлати иттифоқӣ маҳсуб донист.

Сабаби асосии расидан ба созиш дар музокироти миёни тоҷикон дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1997) низ пеш аз ҳама дарки хавфи нобудшавии миллат ва давлати тоҷикон маҳсуб меёфт (4; 3, с. 83).

Дар солҳои 90-ум дар рафти кори Комиссияи конститутсионӣ масъалаи тарҳрезӣ ва таҷассуми идеологияи давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баҳси доманадор қарор гирифта буд.

Бо таҳлили пешниҳодоти гурӯҳҳои корӣ ва ташаббускорон Сардори давлат чунин таъкид карда буданд: «Мо бояд расман эътироф кунем, ки давлат ба сифати созмони сиёсии ҷомеа дорои идеологияи махсусу мустақили худ мебошад. Конститутсияи давлат идеологияи онро муайян менамояд. Ба ибораи дигар, Конститутсия идеологияи давлати ҳуқуқбунёдро бо тамоми унсурҳояш мустаҳкам мекунад» (17; 16).

Воқеан, дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад ва арзишҳои мафкуравие, ки дар Конститутсия сабт шудаанд, хусусияти умумӣ дошта, манфиати ҳеҷ гуна гуруҳ ё ҳизбу созмонҳои ҷудогонаро ифода намекунанд. Дар асл бошад ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ё худ гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ низ дорои мафкураи худ набуда, баръакс худи онҳо ягон намуд мафкураи сиёсиеро (сотсиал-демократӣ, либерализм, коммунизм, натсионализм (миллатгароӣ), консерватизм...) пайравӣ мекунанд.

Бинобар ин дар заминаи чунин эътироф минбаъд идеологияи давлати ҳуқуқбунёд ҳамчун идеологияи конститутсионӣ ба таври консептуалӣ дар санадҳои ҳуқуқӣ таҳрезӣ мегардад. Ҳарчанд мафҳуми назорати ғоявии конститутсионӣ имрӯз аз истифода берун монда бошад ҳам, вале моҳиятан арзишҳои конститутсионӣ дар сатҳи қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои расмӣ ҳифз карда мешаванд.

Хусусан, дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари аксиологияи конститутсионӣ аз арзишхои (идеологӣ) – эҳсоси қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи чаҳон будан; дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда худро масъул ва вазифадор донистан; дарк кардани таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он; муқаддас шуморидани озодӣ ва ҳуқуқи шахс; эътироф намудани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо; вазифаи худ қарор додани бунёди ҷомеаи адолатпарвар оғоз гардида, моҳиятан заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва башардӯстонаи санадҳои ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.

Вобаста ба муҳимияти муаммои идеяи миллӣ, мебояд ба методологияи ин падида назар афканд, ки дар заминаи фалсафа алоқамандии ягона, махсус ва умумиро меомӯзад. Ба ақидаи В.А. Михайлов “Дар ин силсила ягона – ин ман, шахсият, инсон; махсус – ин миллат, халқ ва умумӣ бошад – ин давлат ё ҷамъияти шаҳрвандӣ, ё худ тамаддуни ҷаҳонӣ, арзишҳои умумиинсонӣ ба ҳисоб мераванд” (13, с. 10).

Аз ҳамин лиҳоз таҳти мафҳуми идеология пеш аз ҳама на мафкураи сиёсӣ, балки низоми ғояҳо, самтҳои арзишнок фаҳмида мешавад, ки дар онҳо ғайр аз арзишҳои сиёсӣ - эстетикӣ, ахлоқии хусусияти инсондӯстии умумиинсонӣ мавҷуд аст.

Қобили қайд аст, ки асоси идеяи миллиро ҳамкории мутавозуни шахс, ҷамъият ва давлат ташкил медиҳад. Бо ҳамин асос идеяи миллӣ метавонад, ки аз зинаи поён аз тафаккури халқ сарчашма гирад ва ё худ аз боло ҳамчун низоми демократияи марказонидашуда то поён таҳмил карда шавад.

Иерархияи идеяи миллиро аз поён субъектон - шахс, миллат, халқ (ҷамъият) ташкил медиҳанд, ки онҳо тариқи ҳолати рӯҳии худ (шуури созанда, тафаккури давлатӣ, яъне муносибат аз нигоҳи манфиатҳои давлат) бо роҳу усул ва механизмҳои хоси худ (баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, худшиносии миллӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ (патриотизм), аз байн бурдани худкамбинии миллӣ) ба ҳадаф ва мақсадҳои олии миллӣ (эҳёи миллӣ ва эҳсоси ҳастии миллат, таҳкими давлатдории миллӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таъмини тарзи ҳаёти осоишта) мерасанд. Бо дигар тарз агар гӯем мафҳуми идеяи миллӣ категорияи ҷузъ буда, ифодакунандаи идеяи ягона – расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад (2). Арзишҳои дигар бошанд ҳамчун унсурҳои таркибӣ, пурракунанда ва пешбарандаи идеяи ягонаи миллӣ баромад мекунанд.

Мӯҳтавои ин низомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин бомаром ифода намудаанд, ки: “Ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзӯи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад”. Дар баёни мавқеи он бошад ҳамчун дастоварди бузурги миллат таъкид кардаанд, ки: “Акнун замони он расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад” (7, с.5).

Дар раванди пешбурди идеяи миллӣ вобаста ба вазъи геополитикӣ ва сиёсии минтақавиву дохилидавлатӣ дар ин низом идеяҳои нав ва рӯзмарра низ ба миён меоянд. Чуноне, ки олими рус О. Бочаров “механизми умумидавлатии баромад аз бӯҳрон” -ро ҳамчун идеяи миллӣ дар вазъияти бӯҳрони ҷаҳонӣ пешниҳод намудааст (6). «Меҳнати инсон низ барои он аст, ки, - менависад Карл Мангейм, - то аз шароити мавҷуда идеяҳои нав ва аз идея - шароитҳои нав ба миён оянд” (12).

Омӯзиши иерархияи идеологияи миллӣ дар навбати худ ташреҳи баъзе унсур ва мафҳумҳоро тақозо менамояд.

Якум, хусусан, ба сифати субъектони бевоситаи идеологияи миллӣ баромад намудани шахс, миллат, халқ (ҷамъият) метавонад дар назари аввал шубҳаеро ба миён орад, ки оё мафҳумҳои миллат ва халқ гуногун нестанд? Мафкураи шахс (ҷузъ) дар кадом ҳолат метавонад фарогири мафкураи миллӣ (кул) гардад?

Сараввал метавон қайд намуд, ки идеяи миллӣ баъзан аз таълимот ва мактаби сиёсиву ҳуқуқии шахсони алоҳида сарчашма мегирад. Масалан, идеологияи голлизм, ки ҳамчун идеологияи сиёсии Фаронса машҳур аст, аз ғоя ва амалҳои генерал Шарл де-Голл асос ёфтааст. Таълимоти Сун Ятсен «се принсипи халқӣ» бошад дар Тайванд ва назарияҳои асосгузори Ҳизби африкоии истиқлолияти Гвинея ва Кабо-Верде (ҲАИГК) Амилкар Кабрал дар Гвинея-Бисау амал мекунанд (ниг.: 21).

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вожаи «давлатӣ» дар Луғати оксфордӣ «nation» тарҷума шуда, идея бошад амсоли вожаианглисии«idea» омадааст (20). Яъне дар маҷмӯъ бо мазмуни васеаш мафҳуми “давлат” ин ифодакунандаи “миллат” (давлати миллӣ) мебошад.

Вобаста ба қиёси мафҳумҳои “халқ” ва “миллат” метавон иброз намуд, ки ҳарчанд баранда ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият дар давлат халқ бошад ҳам, вале дар бисёр ҳолатҳо барои ифодаи он мафҳуми “миллат” низ истифода бурда мешавад. Мафҳуми “миллат” одатан дар ду шакл - ҳамчун категорияи иҷтимоӣ (“Volknation” – ягонагии пайдоиш, забон, хун ва хешовандӣ) яъне миллати табиӣ, ё худ ҳамчун категорияи сиёсӣ (Staatnation – ягонагии сиёсии шаҳрвандӣ) яъне миллати сиёсӣ расман истифода бурда мешавад. Вобаста ба таҳаввулоти идеяи миллӣ бошад, нисбат ба давраҳои давлатдории сулолавӣ дар давлати демократӣ хусусияти сиёсиро низ дар худ зоҳир менамояд.

Гарчанде дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ягонаи ҳокимият “халқ” эътироф гардида бошад ҳам, вале дар таҷриба одатан вожаи “миллат” маъмулан истифода бурда мешавад – давлати миллӣ, амнияти миллӣ, фарҳанги миллӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ва ба ин монанд. Ақидаҳое вуҷуд доранд, ки истифодаи вожаи “миллат” ба ҷои “халқ” оё бар хилофи муқаррароти Конститутсия ва дар маҷмӯъ қонунгузорӣ нест? Оё вожаи “миллат” метавонад, ки сарчашмаи ҳокимиятро ифода кунад, ё худ кадоме аз ин вожаҳо дар муносибати пешбурди ҳокимият субъектифодакунанда мебошад?

Аз нигоҳи таълимоти сотсиологияи ҳуқуқӣ истифодаи вожаи “миллат” ба ҷои “халқ” муқаррароти Конститутсия ва ё мазмуни меъёр коҳиш намеёбад. Чуноне, ки Конститутсияи Фаронса ба сифати сарчашмаи ҳокимият “халқи фаронсавӣ”-ро эътироф намуда, ҳамзамон дар дебочаи худ ба принсипҳои “соҳибихтиёрии миллӣ”- и дар Эъломияи соли 1789 ва баъдан дар дебочаи Конститутсияи соли 1946 тасдиқгардида такя намудааст.

Ҳамин монанд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои “манфиати халқ” (моддаи 13), “халқи Тоҷикистон” (моддаи 6), “амнияти шаҳрвандон” (моддаи 46), “Суруди миллӣ” (моддаи 3), “Маҷлиси миллӣ” оварда шуда бошанд ҳам, вале сухан умуман дар бораи аҳолии ягонаи Тоҷикистон меравад.

Дар фарқият ба ҳолати якум дар консепсияи сохибихтиёрӣ се намуди соҳибихтиёрӣ (давлатӣ, халқӣ, миллӣ) шинохта шудааст, ки баъзан ин се субъект наметавонанд, ки ифодагари маънои ягона бошанд. Агар Гитлер шаҳрвандонро бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ниҳоии худ атрофи мафҳуми “миллати олӣ” ва ғояи “миллатгароӣ” муттаҳид намуда бошад, пас Сталин миллатро ҳамчун мафҳуми субъектифодакунанда эътироф намекард. Дар Конститутсияи ИҶШС низ эҷод гардидани мафҳуми «умумияти нави таърихӣ – халқи сермиллати шуравӣ» дар намуди худ ягона буда, дар таҷрибаи конститутсионии ягон давлати дунё дида намешуд. Ҳамин буд, ки пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ имрӯз нафаре худро аз халқи собиқ шуравӣ намеҳисобад.

Ин ҳолат аз нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад чунин баҳо дода шудааст: “... эҳсосоти миллӣ метавонад ду паҳлӯ дошта бошад: заминаи боэътимоди худшиносии миллӣ гардад ё боиси падид омадани миллатгароии харобиовар шавад” (3, с.65).

Дар маҷмӯъ метавон тазаккур дод, ки дар муносибати шинохт ва пешбурди идеяи миллӣ мафҳуми “миллат” бо мафҳумҳои “давлат” ва “халқ” тавъам буда, баҳри ҳифзи мустақилияту ягонагии давлат мо халқи Тоҷикистонро низ мебояд ҳамчун як миллати дорои умумияти манфиатҳои иҷтимоиву сиёсидошта - миллати тоҷик (миллати (халқи) Тоҷикистон) баромад намоем.

Дуввум, ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ дар кадом замина тақвият меёбанд?

Дар муносибатҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ одатан мафҳумҳои идеяи миллӣ, ҳуввияти миллӣ, суоли миллӣ, сиёсати миллӣ, манфиати миллӣ, тафаккури давлатӣ (аз нигоҳи манфиатҳои давлат) истифода бурда мешаванд.

Албатта ҳамаи ин мафҳумҳо унсурҳои низоми ягонаи идеологияи миллӣ буда, пурракунандаи ҳамдигар маҳсуб меёбанд. Бинобар ин донистан, дарк кардан ва дуруст истифодаву амалӣ намудани онҳо ҳамчун пойдевори амнияти миллӣ дар давлат ниҳоят муҳим мебошад.

Муҳимияти идеяи миллӣ як навъ раванди серҷабҳа ва баҳамзидро мемонад, ки дар рафти он идея баъзан шакли худро дигар карда, муайян намудани тарҳи муосир ва сарҳади мавҷудияти онро мушкил мегардонад.

Чунончи, агар соҳаи илму фарҳанг ба суолҳои «мо кӣ ва чӣ гуна ҳастем?», “Аз дигарон чӣ фарқият дорем” ҷавоб мегуфта бошад, пас сиёсат атрофи суолҳои “чӣ кор бояд кард?”, “чӣ тавр бояд зиндагӣ намуд?” сару кор мегирад.

Инсон ҳамчун арзиши олӣ ба ҳаёт асосан бо ченаки манфиат муносибат мекунад. Манфиат бошад ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ, сотсиологӣ, фалсафӣ ... ифода ёфтааст, ки қисме танзими ҳуқуқӣ ёфта, қисми дигар тариқи танзимкунандагони иҷтимоӣ ба роҳ андохта мешаванд. Қисми дигар бошад тариқи қонун вобаста ба макон, вақт ва замон амалӣ мегарданд, ё худ тамоман манъ карда шудаанд.

Доираи манфиат вобаста ба субъект: васеъ – миллат, халқ, давлат, ҷамъият; миёна – маҳал, гуруҳҳои хурди иҷтимоӣ (худидоракунии маҳаллӣ, худфаъолияти ҷамъиятӣ, хоҷагидорӣ...); хурд – оила ва вобаста ба матлаб - мафкуравӣ (динӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ...) ва ғайримафкуравӣ (касбукорӣ, иқтисодӣ...) мешаванд.

Мақсад ва ҳадафҳои мо дар доираи манфиатҳои мо маҳдуд мешаванд, ки бо хусусиятҳои шахсӣ, гуруҳӣ (ҷамъиятӣ) ва давлатӣ мукаммал гардонида мешаванд...

Объекти кори рушди иҷтимоӣ, равшаннамоӣ ва тарбияи мафкура низ пеш аз ҳама дар дарёфти нуктаи бархурди манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва давлатӣ зоҳир мегардад, ки онро метавон дар “умумият” ҷуст.

Дар масоили ташкили меҳвари ягонаи таъминкунандаи ваҳдату ягонагӣ ва ҳамзистии осоишта кӯшишҳо бисёранд, вале набояд фаромӯш сохт, ки то ба тариқи консептуалӣ умумияти миллӣ коркард ва роҳандозӣ нагардад зарфиятҳои дигар низ моҳияти худро гум мекунанд.

Умумият метавонад нажодӣ, халқӣ, миллӣ, шаҳрвандӣ, динӣ, мазҳабӣ, маҳаллӣ ва ба ин монанд бошад, ки аз лиҳози манфиатҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ онҳоро бо ҳам муттаҳид мегардонад.

Хусусан, “умумияти дин” низ ба андешаи Ренан барои тамоми аҳолии давлат, яке аз меъёрҳои миллатсозӣ ба шумор меравад. Зеро яке аз сабабҳои фаношавии Шарқ ба ақидаи сиёсатшинос Шералӣ Ризоев ин ба миён омадани “сиёсати туркии тақсим намудани мардум дар асоси дин” ба ҳисоб меравад (14, с. 64).

Ҳарчанд ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо бошанд ҳам, вале дин ҳамчун арзиши фарҳангӣ як ҷузъи муҳими идеяи миллиро ташкил медиҳад.

Бо ҳамин мазмун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки “Воқеан, дар ҳолате, ки 99 фоизи аҳолии кишвари мо пайрави дини мубини исломанд, арҷгузорӣ ба он ҳамчун сарчашмаи бузурги ахлоқиву маънавӣ як амри муқаррарист…» (ниг.: 1).

Хусусан мазҳаби ҳанафия, ки асосгузори он фарзанди миллати тоҷик олими фиқҳ Абӯҳанифа ибни Собит машҳур бо номи Имоми Аъзам ҳамчун яке аз равияҳои бонуфузи аҳли суннату ҷамоат эътироф гашта, аз замони зуҳури худ то имрӯз аз Куфа то Африқо, Осиёи Марказиву Чин, Россияву Аврупо паҳн шуда (60 фоизи мусулмонони ҷаҳон дар мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд), дар Конститутсияҳои бисёр кишварҳои исломӣ ҳамчун мазҳаби расмӣ шинохта шудааст (ниг.: 1).

Ва маҳз ба шарофати арзишҳои бунёдии мазҳаби ҳанафӣ ҳуввияти миллии бисёр қавму халқҳо, аз ҷумла тоҷикон дар тӯли 1300 соли охир ҳифз гардидааст.

Бо мақсади таҳкими ин умумияти фарҳангӣ дар дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” (11, с.47) чунин ишора омадааст: “Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод,

дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст,

бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо,

бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон,

Қонуни мазкур қабул карда мешавад”.

Ишораи нақши махсуси мазҳаби ҳанафӣ ин тамоман маънои афзалият додан ба як мазҳаб ва маҳдуд кардани дину мазҳабҳои дигарро надорад. Ин амал як навъ бузургдошти хотири Имоми Аъзам, баландбардории ифтихори миллӣ, муаррифии миллат, ҳифзи ягонагии фарҳангӣ ва кӯшиши таъмини ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандон дар асоси арзишҳои умумибашарӣ баҳо дода мешавад.

Ба тақвияти ин маънӣ метавон аз ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос овард: “Асли дунявият дар робита ба масъалаи худшиносии таърихии миллати тоҷик чунин маъно дорад, ки мо ба мероси таърихии бузургони худ аз рӯи муносибати онҳо ба фарҳанги умумибашарӣ менигарем. Танҳо аз ҳамин мавқеъ аҳамияти таърихӣ ва амалии мероси фарҳангиро барои имрӯзи миллати тоҷик дуруст шинохтан мумкин аст. Дар ин мероси исломӣ бузургони халқи тоҷик истисно нестанд”(15,с. 133).

Тарзи ҳаёти осоишта ҳамчун ғоя ва ҳадафи олии миллӣ маҳсуб меёбад, ки танҳо дар сурати ба таври силсилавӣ истифода, риоя ва иҷрои унсурҳои он метавон ба сатҳи ин арзиш расид. Чуноне, ки дар таъмини тарзи ҳаёти солим пеш аз ҳама маърифати санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва донистани донишҳои зарурӣ оид ба солимнигоҳдории ҷисму рӯҳ ва пешгирии бемориҳо тақозо мешаванд, тарзи ҳаёти осоишта низ усул, услуб ва унсурҳои муайяни худро дорад. Ҳатто, дар 12 усули тарзи ҳаёти солими пешниҳоднамудаи академик, ҷарроҳи машҳур Ф.Г. Углов, ки худ 104 сол умр дида, номаш дар «Китоби рекордҳои Гиннес» дарҷ ёфтааст, усули аввал «Ватанро дӯст дор!» омадааст. Яъне муҳаббат ба Ватан – мояи саодат ва ҳаёти солиму осоишта эътироф гаштааст.

Пешгирии беморӣ беҳ аз табобат гуфтаанд ва ҷомеае, ки мубталои вабои ақидагароию ифротгароӣ аст роҳи табобати душвор ва тӯлониро дорад. Ин ҳолат бо забони тиббӣ метастазро мемонад, ки дар ҷисми ҷомеа пайдо шуда, сохтори он ва дар маҷмӯъ низоми давлатро вайрон мекунад. Агар имрӯз аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 16 гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳо (ниг.: 5) ҳамчун созмони ифротгарои террористию экстримистӣ фаъолияташон манъ карда шуда бошанд ҳам, вале ғояи ин гурӯҳҳои тундгарои сиёсӣ – аз байн бурдани давлати миллии соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ва демокративу иҷтимоӣ дар замири таълимоти онҳо барои зуҳури ҷадиди онҳо боқӣ мемонад! Таҷриба нишон дод, ки аъзоён ва ҷонибдорони ин гурӯҳҳо ба монанди гургоне ҳастанд, ки мӯйи худро дигар мекунанд на табиаташонро. Онҳо ҳар рӯз бо ниқоби нав ба ҷомеа ва мафкураи одамон ҷой мегиранд. То ошкор ва исбот гардидани нияту амалҳои ғайриқонунии онҳо аллакай якчанд шаҳрвандони сустирода ба доми гумроҳиву фиреб меафтанд. Бо ҷазо додан, - мугӯяд К. Маркс – дунёро ислоҳ ва тарсонидан нашояд! Бинобар ин ҷамъияти конститутсионӣ бояд тавре сохта шавад, ки он худ бар зидди афкору андешаи носолими сиёсӣ қобилияти сироятнопазирӣ (имунитет) пайдо кунад ва боиси дахолати механизмҳои маҷбуркунии давлатӣ нагардад. Агар андешаи солимӣ кунем солим мешавем, агар андешаи солим кунем - ҳаёт осоишта мешавад! Чи тавре духтур, равонпизишк М. Тоҳирӣ қайд намудааст: “Одамон на аз беморӣ, балки аз нодонӣ мемиранд!”.

Дар маҷмуъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи болоии мафкураи миллиро ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъятӣ чунин муаррифӣ намудаанд: “Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад”(2).

Ин ҳадафҳо ҳамчун идеяҳои олии миллат дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдату якдилии тамоми халқи Тоҷикистон, фарҳанги таҳаммулгаро ва ҷаҳонгири тоҷикона, бо маърифат ва номусу шарафи тоҷикона, бо азму талошҳои пиру барнои ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё ва бо иродаву раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст хоҳанд омад!

Адабиёт:

  • Эмомалӣ Раҳмон. Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир. (Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310 солагии Имоми Аъзам) // Минбари халқ. 8-октябрис. 2009. №340.
  • Эмомалӣ Раҳмон. Паём ба Маҷлиси Олии аз 20 апрели соли 2012. www.president.tj
  • Эмомалӣ Раҳмонов. Дар бораи дин. – Душанбе, 2006.
  • Эмомалӣ Раҳмонов. Суханронӣ дар Анҷумани IV Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, аз 18 апрели соли 1998.
  • «Ал-Қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони ғарбӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати толибон», «Ихвон-ул-Муслимин», «Лашкари тайба», «Гурӯҳи Исломӣ», «Ҷамъияти Таблиғ», «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод» - аз 30 марти соли 2006; «Ҳизб-ут-Таҳрир» - аз 11 марти соли 2008; «Ҷамоати Ансор-ул-лоҳ» - аз 03 майи соли 2012; «Салафия» - 08 декабри соли 2014; «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат-ун-Нусра» - аз 14 парели соли 2015; Ҳизби Наҳзати Ислом – аз 29 сентябри соли 2015.
  • Бочаров О. Выход из кризиса как общенациональная идея // Независимая газета. 1998. 13 ноябр.
  • Ваҳдат ҷавон шуд // Бонувони Тоҷикистон. Июли 2015.
  • Дар Луғати русӣ-тоҷикӣ (М. Осимӣ) вожаҳои идеология ва идея ба маънои идеология, идея, ғоя, мафкура, ақида омада, дар мақола низ ҳаммаъно истифода бурда шудаанд.
  • Иванова С.Ю. Национальная идея в культуре современной России // Юридический мир. 2006. № 12 // СПС «Консультант Плюс».
  • Крылов Д.А. Вопросы формирования консервативного сознания. // История государства и права. 2010. №11. С. 13.
  • Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи дин. - Душанбе: «ЭР-граф». 2014. С. 47.
  • Мангейм К. Идеология и утопия / www. Krotov.info/libr_min.
  • Михайлов В.А. Русская нация и русская идея в свете концепции национальной политики РФ. – Оренбург. 1996.
  • Муқаддима ба назарияи миллатшиносӣ. Маҷмӯаи илмӣ. (Зери назари профессор С.С. Сафаров). – Душанбе: Ирфон, 2012.
  • Муколамаи давлат ва дин дар Тоҷикистон / Ализода Б.П., Абдухолиқов А.М., Искандаров Қ.И., Ниёзов А.С., Нуриддинов Ҳ. – Душанбе, 2010.
  • Мухторов К.Т. Моҳият ва рисолати таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ҳақиқати Ленинобод, аз 18 ноябри 2006. №92.
  • Ҳомидов Ҳ. Нақши Конститутсия дар раванди давлатсозӣ (Аз нигоҳи Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон) // Ҷумҳурият, аз 10 сентября 2009 с. №74.
  • Самиев А. Тоҷикон дар оинаи таърих. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бедории худшиносии миллӣ // Ҷумҳурият. 15 декабри соли 2016. №246 (23068).
  • Якунин В.И. Государственная идеология и национальная идея: конституционно-ценностный подход. Труды Всероссийской конференции «Национальная идентичность и демографический кризис в России (Москва, 20 октября 2006 г.)». – М.: Научный эксперт, 2007 г.
  • Hornby A.S., Christina Ruse. Oxford Student’s Dictionary of Current English. Oxford University Press, 1989.
  • Partido Africano da Independência da Guiné e Cabo Verde, PAIGC, (Ҳизби африкоии истиқлолияти Гвинея ва Кабо-Верде, ҲАИГК).

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ