​Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ба ҳодисаи тирпарони дар шаҳри Хоруғ

Аз сомонаҳои иҷтимоӣ огоҳ гаштем, ки шоми 13 январ муноқиша байни кормандони ОМОН ва ҷавонони маҳаллии «болнисен» рух медиҳад. Гуфта мешавад, ки ҷавонони маҳаллаи мазкур монеи ҳаракати мошинҳои ҳарбӣ мешаванд. Новобаста аз он, ки хизматчиёни ҳарбӣ таъкид мекунанд,ки роҳро кушоядҷавонон роҳро барои ҳаракат холӣ намекунанд ва байни онҳо баҳси лафзӣ ва занозанӣ ба миён омада, дар ҷараёни муноқиша кормандони мақомот аз силоҳи травматикӣ истифода мебаранд.Таъмини амнияти минтақа дар ҳоле ки гурӯҳҳои тундраву ифротӣ дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон хатар эҷод мекунанд, кори саҳлу осоне нест. Имрўз амнияти ин минтақа ҷои махсусро ишғол намуда, дар маркази фаъолияти мақомоти қудратии ҷумҳурӣ мебошад. Дар чунин вазъияти ҳассос қатъи фаъолияти ҷиноятии гурўҳҳои ҷинояткори ВМКБ дар кўтоҳтарин фурсат зарур мебошад. Барои пурра ба эътидол омадани вазъи шаҳри Хоруғ муттаҳидшавии мақомот ва мардум инчунин волоияти қонун зарур аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Сарвари давлат мардумро такягоҳи асосӣ дар ҳалли мушкилоти вилояти мазкур арзёбӣ намудаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ