​Паёми Пешвои миллат - раҳнамои фардои обод

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамаи сохторҳои донишгоҳ: раёсати донишгоҳ, 17 факултетҳо ва 5 кафедраҳои умумидонишгоҳӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ба роҳ монда шуд.

Пас аз тамошои он устодону донишҷӯён бо дарки рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ иқдоми Пешвои миллат оид ба эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро хуш истиқбол намуданд.

Зеро воқеан ҳам имрўз соҳаи сайёҳӣ дар бештари мамолики дунё ба яке аз сарчашмаҳои сердаромадтарин ба ҳисоб меравад, ки он баробари таъсиррасонӣ ба ғанӣ гардидани буҷаи давлат, ба баланд шудани сатҳи некўаҳволии мардум нақши басо арзандаро иҷро менамояд. Аз ҷониби дигар, сол аз сол сафи сайёҳон ва таваҷҷуҳи онҳо ба минтақаҳои сайёҳии кишварҳои гуногун бештар гардида истодааст. Чунончӣ, аз маълумоти омори расмии соли 2017 бармеояд, дар тамоми ҷаҳон қариб 1,2 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шуда, мувофиқи пешбинии мутахассисони соҳа, ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард сафари сайёҳӣ мерасад. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳ намудан ба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ин ё он кишвар яке аз мавзўъҳои муҳимму фаъолияти самараноку манфиатбахш ба ҳар оилаву ҷамъият боқӣ хоҳад монд.

Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои мутараққии дунё имконияти бештарро доир ба саёҳату сайёҳӣ соҳиб мебошад. Кўҳҳои осмонбўс, обҳои мусаффо, ҳавои дилкаш, кўлҳо, дарёҳо ва баҳрҳои хурду бузург, табиати зебову нотакрор, паррандагони хушхону ҳайвонҳои нодир, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, роҳҳои обод ва фазои софу беғубор ҳамчун яке аз кишвари амнтарин барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шинохта шудааст.

Чунин имкониятҳои фарох ва табиати зиндаву макони таърихиву муқаддас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021”-ро “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доранд. Ин имконият медиҳад, ки базаи моддиву техникии соҳаи сайёҳӣ, иншоотҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳамагуна намуди хизматрасониҳо ба шароити ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шуда, ҳамчун манбаи даромаднок барои давлату миллат ва ҷомеа истифода шавад. Дар ин замина, давоми соли 2018 якчанд тадбирҳои муҳим аллакай роҳандозӣ шуданд, ки он минбаъд барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат хидмат хоҳад намуд.

Ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва эҳёи ҳунарҳои мурдумӣ аз якчанд ҷиҳат ба ҷомеаи мо манфиат хоҳад овард:

  • Бо ҷойҳои корӣ ё корҳои мавсимии даромаднок таъмин намудани шаҳрвандон дар ширкатҳои сайёҳии мамлакат ҳамчун роҳбалад, тарҷумони забонҳои хориҷӣ, ронанда, ҳунарманд ва дигар хизматрасониҳо барои сайёҳон ҷалб намудани сокинони мамлакат;
  • Ба фурўш рафтани маҳсули меҳнати пазандагону ҳунармандон, дўзандаю армуғонсозон, кашидадўзон, қолинбофу зардўзон, рассомону кандакорон ва дигар ҳунарҳои мардумии сокинони мамлакат;
  • Ғанӣ гардидани буҷаи давлат, оила ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум;
  • Тарбияи экологию зебоипарастӣ, маънавию маърифатӣ, рўҳию равонӣ ва шинохти таъриху фарҳанги кишвар аз ҷониби шаҳрвандон;
  • Таъсиррасонӣ ҷиҳати аз байн рафтани муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва низоъҳо дар оила ва ғайра.

Хулоса, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди сайёҳӣ баробари нафту газ ва тиллову нуқра байни ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши баланд дошта,имкониятҳои зуруриро барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ фароҳам овардааст.

Минбаъд дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, соҳибкорону ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барои мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, бунёди иншооти сайёҳӣ ва идома додани анъанаҳои неки созандагиву бунёдкорӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон нақши муассир хоҳад бозид.

Фаридун Ҳодибоев – номзади илмҳои фалсафа, сардори маркази иттилоот

ва таҳлили МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ