​Дин ва сиёсат

Масъалаи дин ва сиёсат яке аз масъалаҳоихеле мубрам ва ҳассоси ҷомиаи имрӯзаи мо мебошад. Таърихан дин ва сиёсат ба ҳам хеле печида буданд.

Дар дунёи қадим ва асрҳои миёна дин ягона шакли ҳукмронии идеология – мафкура ба шумор мерафт ва маълум аст, ки ҷомеаҳои суннатӣ аксар бақояшон рӯи вуҷуди мафкураи воҳид – идеологияи муқаддаси ягона устувор буд. Ин аст, ки чи дар Эрони бостон ва чи дар асрҳои миёна, дар Ғарбу Шарқ дин ҳамеша яке аз пояҳои муҳимимафкуравии давлат ба шумор мерафт. Ва аксарияти давлатҳо дар ин давра якмазҳабӣ буданд, аз ин рӯ вуҷуди дин ҳамчун асоси мафкуравии давлат ишқоле надошт. Вале бо таҳаввулоти давраи нав ва тағйири сохториҷамъият, омехташавӣ ва афзудани шаҳрвандони гуногунмазҳаб дар давлатҳо ба вуҷуд омадани шаклҳои нави мафкураҳои ғайримазҳабӣ, наҳзатҳои толиби озодии ақида ва виҷдон динҳо мақоми пешинаи худро аз даст доданд ва имрӯз кӯшиши ба идеологияи ҳукмрон табдил додани таълимоти ин ё он дин бо адолати иҷтимоӣ созгор нест.

Ислом имрӯз яке аз се дини бонуфуз мебошад. Пайравони ислом дар ҷаҳон мувофиқи гузориши созмонҳои исломӣ зиёда аз як миллиард нафарро ташкил медиҳанд ва дар 126 кишвар сукунат доранд. Аз ҷумла,дар зиёда аз 40 кишвар мусалмонон аксарияти аҳолӣ ва дар 18 кишвари дигар ақалияти бонуфузро ташкил медиҳанд. Мусалмонон имрӯз минтақаи васеъро дар қитъаҳои: Осиёву Африқо (Ховари миёна ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Африқои Шимолию Тропикӣ ва ғайра) ишғол кардаанд. Ақалиятҳои исломӣдар қитъаҳои Амрико ва Аврупо, дар баъзе ҷойҳо таърихан муқимӣ (чун Албания, Булғористон ва Югословӣ) ва дар баъзе дигар чун тозамуқими – эмигронт зиндагӣ мекунанд. Як қатор мамлакатҳономи ҷумҳурии исломиро доранд. Масалан: Ҷумҳурии исломии Покистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ғайра) ва дар давлат исломро ҳамчун дини расмӣ дар қонунҳои асосии худ эътироф кардаанд.

Дар давоми давраи соҳибистиқлолӣмуносибати давлат бо динва сиёсати давлат нисбат ба соҳаи дин якранг набуд. Аз ҷумла дар давраи ниҳоӣ паҳн гардидани “ифродгароии динӣ” дар ҷомеа таъсири манфии худро на танҳо ба суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ, ҳамчунин ба равобити байни давлат ва дин расонид. Масъалаи маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим ба назар мерасад ва баланд бардоштани дониши динии ҷавонон метавонад омили паст шудани раванди паҳншавии “ифродгароии динӣ” дар ҷомеа гардад.

Устодони кафедраи Алгебра ва геометрия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ