​Раддия ба изҳороти расмии сардабири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур

Изҳороти расмии Мирзои Салимпурро аз назар гузаронида, таҳлил намуда, ба андеша афтодам, ки ӯ тоҷик асту ба манфиати кӣ ва киҳо хизмат мекунад. Чаро бо харгуна андешаҳои туҳматкоронаи худ ҷавонони имрӯзаро аз роҳ задан мехоҳад.

Тибқи Конститутсияи ҶТ моддаи 8 уми он ҳеҷ як мафкураи сиёсӣ дар кишвари мо ба ҳайси давлатӣ қабул нашудааст. Озодандешию гуногунфикрӣ дар ҷомеаи мо амал мекунад. Мардуми куҳанбунёди мо тоҷикон таҳаммулпазиру дурандешанд ва умед доранд, ки ҷомеаи имрӯзаи навини мо, ки ба ваҳдату ягонагӣ асос ёфтааст пойдор бошад ва солҳои сол, асрҳо барои наслҳои оянда нигоҳ дошта шавад.

Пас ӯ Мирзои Салимпур бо бисёр мафҳумҳои ноаниқи худ “фермаи ҷавоб” мисол овардани аст, ки гӯё КДАМ ва ҳукумати Тоҷикистон озодандешон ва журналистони пешқадамро таъқиб мекада бошанд. Ман чун омӯзгор, изҳороти Мирзои Салимпурро мавриди таҳлил қарор дода, ба худ андеша мекунам, ки ӯ чаро дар интернет шабакаиалоҳида кушодаасту Ватану ободу тинҷи моро сияҳборон мекунад. Чаро онҳо ва дигар кормандону ҳамфикронаш дар Тоҷикистон нестанду дар Аврупо Чехия Прага амал мекунанд, оё онҳо ватан надоранд? Кӣ онҳоро дастгирии молию пулӣ мекунад? Агар ватандӯстӣ ҳақиқи бошад ва виҷдони пок дошта бошад пас дар байни тоҷикон, ки мисли ӯ “мусалмон” мебошанд, ҷудоӣ наандозад.

Мақсад аз ин изҳорот, “гапфурӯши”-ҳои Мирзои Салимпур чӣ натиҷа интизор аст. Ӯ мехоҳад ҷомеаи имрӯзаи моро бо “озодандешӣ”и худ вайрон созад. Зиндагии тингҷу ороми моро мураккаб сохта, дар ҷомеа бесару сомониҳоро ба вуҷуд орад. Пас маълум мегардад, ки ин гуна “ватандӯстон”и асилу “озодандеш”, ки агар марди ҳақиқии ҷасур бошанд, ба ватани худ баргарданду дар ободии ватани азиззи мо якҷоя саҳм гузоранд. Мо як забон, як миллат, давлат ва ва ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст.

Манзура Сатторова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ