​Рӯнамои “Содиқият ба Ватан” ва “Абадзиндагон”

Дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ муаррифии китобҳои тозанашри дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷии факултети филологияи рус Восид Шарипов барпо гардид.

Ду китобе, ки мавриди муррифӣ, баррасӣ, таҳлил ва муҳокима қарор ёфтанд, бахшида ба корномаҳои мардони шуҷои меҳан эҷод шудаанд. "Содиқият ба Ватан" бо назм ва "Абадзиндагон" бо наср иншо гардида, аз ҷиҳати ғоявӣ баҳри пиёда намудани мақсади башардӯстона равона гардидаанд.

Тавре ки декани факултети рус Шаҳло Дӯсматова арз дошт, китобҳои фавқуззикр баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ хидмат хоҳанд кард. Номбурда илова кард, ки мо бояд бо тарғиби арзишҳои олии башардӯстона дар қалби ҷавонони имрӯза нафрат ба ҷангро бедор намоем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ