Созмони террористӣ ва тарафдорони он
Ба ҳамагон маълум аст, ки Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико ҳамчун роҳбари терроризми ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, гурӯҳҳои террористиро дар ҳамаи кишварҳо истифода мебарад. Аз ҷониби Амрико Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба рӯйхати ташкилоти террористӣ дохил карда шудааст. Мирзои Салимпур, Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнусу Шарофиддин ва Илҳом Ёқубов дар хориҷа пуштибони худро дошта, созмони террористиро тарафдорӣ менамоянд ва худ низ аъзои ингуна ташкилотҳо ҳастанд.
Наҳзатиён ба монанди Мирзои Салимпур, Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнусу Шарофиддин ва Илҳом Ёқубов хостанд аз дини мубини Ислом суистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам бо раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзонанд. Қабул намудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдори шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ ҳамаро ба ҳайрат оварда бошад ҳам, ҳамагон хуб дарк кардаанд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад.
Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои наҳзатчиён печидааст, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва маҳкум намудани терроризму экстремизми ҷаҳонист.
Пас чаро онҳо хомӯш набошанд?
Ш.У. Бобоҷонова, сармуаллимаи санъати тасвирӣ ва технология