Нақши амнияти иттилоотӣ дар таъмини амнияти миллӣ дар замони муосир

Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дар шароити рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишварҳои ҳамсоя вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Чуноне аз маълумоти Маркази зиддитеррористии ИДМ бармеояд, соли 2014 дар ҳудуди ИДМ 1515 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбати соли 2013 қариб 2 маротиба афзудааст.

МАЪЛУМОТ

оид ба ҷиноятҳои содиршудаи хусусияти террорристӣ дошта

дар ҳудуди ИДМ

Озорбойҷон

Арманистон

Белоруссия

Қазоқистон

Қирғизистон

Молдова

Россия

Тоҷикистон

Ӯзбекистон

Украина

2012

13

9

1

78

13

8

637

24

57

3

2013

20

5

0

60

7

11

661

79

38

7

2014

17

15

6

79

8

7

1128

214

41

-

Аз ин рӯ метавон гуфт, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Яке аз хусусиятҳои хоси даврони имрӯза гузариш аз ҷамъияти индустриалӣ ба ҷамъияти иттилоотӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он ҷо иттилоот захираи муҳимтар нисбати захираҳои моддию энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Захираҳо ин унсури имконоти иқтисодие мебошанд, ки ҷамъият дар ихтиёр дорад ва дар ҳолати зарурӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои мушаххаси фаъолияти хоҷагидорӣ онҳоро истифода мебарад. Категорияҳои захираҳои моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, табиӣ имрӯзҳо васеъ истифода мешаванд ва ба ҳама фаҳмо мебошанд. Мафҳуми “захираи иттилоотӣ” нисбатан нав буда, на ба ҳама фаҳмо аст. Муаммо дар масштаб, гуногунсамти ва мураккабии худи мафҳуми “захираҳои иттилоотӣ” инчунин суръати инкишоф ва тағйирёбиии он мебошад. Вақте сухан дар бораи захираҳои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотии давлат меравад, ҷудо кардани технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун восита ва муҳити иттилоотӣ, ки дорои арзишҳо ва мақсадҳои худ аст, дуруст мебошад.

Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодию иттилоотӣ ва минтақабандии он, ки шаклҳои беш аз пеш ҳушдордиҳандаи таъсири иттилоотиро касб мекунад, зарурати ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, таъмини амнияти он ба миён омадааст. Сиёсати иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати давлатии хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фаъолияфти низоми мақомоти ҳокимияти давлатиро дар соҳаи иттилоот муайян менамояд.

Бо мақсади муайян кардани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии иттилоотӣ, ташаккул ва рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши иттилоот, таъмини ташаккул ва инкишофи фазои ягонаи иттилоотӣ-фарҳангӣ ҳамчун шарти зарурии ягонагии сиёсӣ ва маънавии аҳолии ҷумҳурӣ, муҳайё сохтани заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва техникию технологии воридшавии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоотӣ Консепсияи сиёсати иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ки яке аз самтҳои асосии он таъмини амнияти кишвар аст.

Асри 21-ро асри технологияҳои иттилоотӣ меноманд, ки ин бесабаб нест. Татбиқу истифодаи дастовардҳои он ҳамарӯза афзоиш ёфта, истифодабарандагони асосии он ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Бо назардошти ин тарафдорони ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ки мақсадҳои ғаразнок доранд, барои паҳн кардани ақидаҳо ва ҷалби ҷавонон ба сафи худ аз технологияҳои иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд. Ҷавонон, ки худ аз рӯи синну сол кунҷковӣ ба онҳо хос аст ва аксарият аз ҳисоби надоштани маълумот ё донишҳои кофӣ ва ё осон бадастории манфиатҳои моддӣ ба домичунин ашхос меафтанд ва гумроҳ мешаванд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин мубориза қувваҳо нобаробаранд. Аз як тараф ҷавонон, ки аксаран вақт аз ҳисоби синну сол, надоштан ва ё нокифоягии таҷриба, малака,маълумот, дониш қобилияти таҳлили дурусти ҳодисот ва хулосабарориро надорандаз ҷиҳати моддӣ на ҳамавақт таъмин ё мустақил ҳастанд, аз тарафи дигар психологон, мутахассисоне, ки нуқтаҳои таъсиррасониро ба инсон хуб медонанд ва маблағҳои калон ба ин самт равона карда мешаванд. Масалан ақидаҳои маъмултарине, ки аз тарафи экстремистон васеъ истифода мешавад ва паҳн мегардад, гӯё ҷамъияти имрӯза дар натиҷаи таъсири мамлакатҳои ғарб пур аз гуноҳ буда, давлату ҳукумат дар ин ҷода ягон коре ба анҷом намерасонад ва ҷавононро бовар мекунонанд, ки мубориза бурдан дар ин самт бо истифода аз тамоми роҳу восита, ҳатто содир кардани ҷиноят кори ҳақ аст. Хавфи паҳн шудани чунин идеология дар он аст, ки содир шудани ҷиноят ҳаргиз маҳкум нашуда, ҳамчун амали зарурӣ нишон дода мешавад, ки дар байни аъзоёни ҷамъият ҳисси бадбинӣ, ҷудоиро меафзояд, ки метавонад минбаъдба пайдоиши муноқишаҳо, ҷудошавии аҳолӣ оварда расонад ва ин дар маҷмӯъ ба ягонагии давлат таҳдид намояд. Бо назардошти онки аз тарафи гурӯҳҳои экстремистӣ дар ин самт имрӯз маблағҳои калони пулӣ ва кӯшишҳои зиёд сарф карда мешаванд, нодида гирифтани дараҷаи хавф мумкин нест. Имрӯз бо баробари идора кардани селаи иттилоот аз тарафи мақомотҳои давлатӣ, зарур аст, ки дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ, баландбардории маърифатнокии сиёсӣ ва иттилоотии онҳо бо ҷалби шахсоне, ки дар байни маҳз ҷавонон дорои обрӯю эътибори хоса ҳастанд (соҳибкорони муваффақ, намояндагони соҳаҳои илм, варзиш, дин) дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд. Ба ҷавонон имконият дода шавад, ки бо истифодаи технолгияҳои иттилоотӣ ба онҳо бевосита муроҷиат намоянд, маслиҳат гирифта тавонанд. Хулоса, имрӯз ҷамъиятро зарур аст, ки ба хотири ояндаи нек насли ҷисман ва маънаван солимро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ тарбия намояд ва дар ин самт аз технологияҳои иттилоотии муосир васеъ карда шавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ