Ночории Кабирӣ ва хушомадҳои ӯ
Санаи 06.01.2019 Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷиҳусен Мусозода ба шабакаи иттилоотии АМИТ «Ховар» андешаи худро перомуни табрикоти солинавии Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҲНИ, ки дар Фейсбук баромадааст дуруст ва бамаврид баён намудааст.
Ҳ.Мусозодо дуруст қайд намудаанд, ки дар соли сипаригардида ватани маҳбуби мо ба дастовардҳои наззаррас аз қабили ба кор андохта шудани НБО Роғун расиданд, ки аз ин дастовардҳои хоинони миллат ангушти ҳайрат газиданд. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамаслакони беору номуси ӯ новобаста ба он, ки ин қадар бар зидди давлату миллати мо санги маломат партофтанд, боз табрик кардан бо соли нав, киин идро ҷашни мо не мегуфтанд як ҳолати хандаовар аст.
Муаллиф табрикоти хоини миллат Кабирӣ, дуруягии ба ҳайрат омада, таъкид кардааст, ки “инсони дарбадар ба ҳар кӯча медарояд, барои манфаати худ ҳатто ватану миллати худро мефурӯшад”. Воқеан Кабирӣ ва косалесони дигари ӯ, ки имрӯз ба хоки ватан зор ҳастанд ва ночорона аз паи иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиашон ба кадом дар рафтанашонро намедонанд. Навиштани номаи муборакбодии Солинавии Кабирӣ низ як нав, косалесӣ ва хушомадзании ӯ ба парасторонаш, ки дар аврупо ҳастанд мебошад.
Ҳ.Мусозода ин ҳолатро пай бурда дар мактуби худ менависад “ман аз ин табрикоти дилнохоҳу аммо ба нашр расондаи Кабирӣ хулоса баровардам, ки ин дар назди аврупоиён як тамаллуқ, чоплусӣ ва риёкорӣ асту халос”.
Воқеан инмрӯзҳо бо ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ва меҳнати софдилонаи халқи тоҷик пояҳои истиқлолияти давлати мо мустаҳкам мегардад вадар дохилу хориҷи кишвар дигар шаҳрвандон ба Ҳизби ифротӣ, ки мазҳабфурушон ба монанди Кабирию Илҳом ва Саидёнусҳо боварӣ надоранд. Ин хоинони миллат имрӯз воқеан роҳгум задаанд, ба куҷо рафтан, хизмати кадом хоҷаро кардан, ба ки хушомад гуфтанашонро намедонанд. Онҳо чунин заиф шудаанд, ки тӯҳматҳои худро тавассути марги як зан Вайзинисо Воҳидова дар шабакаҳо ирсол карда истодаанд. Онҳо бояд хуб донанд, ки дигар ягон шаҳрвандони дар ҳаётбуда ба бӯҳтону тӯҳмат, иғвову дасиса, ҳатто ба мусулмонии онҳо бовар намекунад.
Ҷабборов И.Р. омӯзгори ДДХ