Номаи ҷавобӣ ба «ҷавони босаводу ватанхоҳ» Куруши Кабир
Аслан гуногунандеширо омили асосии пешравиву тараққиёт мешуморанду ҳақиқатро зодаи баҳс медонанд. Ҷавонони асри навин худро аз ҳама ҷиҳат доно медонанд, воситаи техникиро хеле хуб аз худ кардаанд, аз навгониҳои илм бархурдоранд, лаёқати хуби кор дар шабакаи иҷтимоиро доранд ва шояд аз ҳамин сабаб, насли солорро шунидан намехоҳанд. Зарбулмасали хеле маъмули тоҷикона, ки «Бе пир марав, гар амонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ» унвон дорад, имрӯз ба гушаи фаромӯшӣ рафтаву, бархе аз «ҷавонони донову босаводи имрӯз», ки шояд боре саҳифаи пур аз набарду корнамоии миллати тоҷикро варақгардон накардаанд, бо лақабҳое худро муаррифӣ мекунанд, ки қалби инсон ба дод меояд. (ба мисли Куруши Кабир, дигаре бо номи Йозеф Геббелс). Ҷавоне, ки худро чунин ном додааст, оё ин симои бузурги таърихиро мешинохта бошад?
Мегӯянд, ки «бузургонро бузургон зинда медоранд». «Куруши Кабир»-и навбаромад, дар кадом асос ва ё корнамоияш бузургманиширо ихтиёр кардааст. Оё ӯ намедонад, ки Куруш барин мардонбарои ҷонбозиҳояшон дар роҳи ободиву рушди давлати тоҷикон ҷоннисорӣ намуда, ба онҳо таърих ном ниҳодааст (камтар шарм ҳам доред, ки баногоҳ арвоҳи бузургон назанад). Худро фарзанди ҷонфидои миллат мешуморӣ худ ба худ савол дода, ҷавобашро аз кӣ пурсиданӣ ҳастӣ? «Фермаи ҷавоб», «тӯдаи бесаводон», «пуштибонони давлат» гуфта киро дар назар дорӣ? Оё ту ватандӯст аз мактаби ҳамин бесаводон нагузаштаӣ, оё ту фарзанди модари тоҷик нестӣ? Хизмати хирсонаро ту ва ту барин «ҷавонмардон» карда истодаанд? Пахтаро аз гӯшатон кашеду нағзакак гӯш кунед: рӯзе мерасад, ки сахт пушаймон мешавед, ба лаънати доираи васеи мардум гирифтор мешавед, дар назди насли оянда сархаму муттаҳам мешавед, вале афсӯс ки дер мешавад. Ба ивази 200-300 сомон ва ё доллар шумо фирефта шудаед. Шарм надошта, боз омин мегӯед, ба кадом Худо муроҷиат доред? Худотарсу мусалмон мегиред, вале беҳаёӣ мекунед. Гуфтаниву дарди дили бисёр дорему лекин бо шумо «баҳс» кардан намехоҳем, зеро лоиқ нестед. Аз аъзои Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ё аз кормандони Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон чӣ бадӣ дидед, ки домони онҳоро сар додан намехоҳед?. Худатонро аз тоифаи равшанфикрон мешумореду ботинан сиёҳу буздилед. Номе, ки волидайн ба сад умед бароятон ниҳода буданд як сӯ гузошта худро бо номҳои симои таърихӣ ном мебаред, вале намедонед, ки ба гарди домони онҳо намеарзед. Ба номи марду мардӣ иснод меоред ва аз ин амалатон шарм намедоред ва ё шояд аз рафтори худ ҳаловат мебаред?. Лаббайгӯӣ ба дилатон назад? Худро донандаи забони адабии тоҷик мехонед, вале навиштаҳои худро боре таҳрир намекунед. Фиғон аз қалбу дуд аз димоғ мебарояд, баъди хондани навиштаҳои пучи шумоён, лекин риояи одоби шарқиёна намегузорад, ки нисбати шумоён дағаливу дуруштӣ кунем. Саъдии бузург фармуда:
Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бар Худо кардему рафтем.
... ҳатто насиҳат барои шумо убол аст..
Изҳороти М.А. Қодирова, муаллимаи кафедраи назария ва методика таълими забони модарӣ