Ҳезуми тарест, ки оташ надорад
Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо азму субот, иқдому ҳуввияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои миллӣ - Консепсияи давлатдорӣ ва ҳифзу устувории сулҳу субот, амнияти халқу миллат асос бахшиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ аз пайравони гурӯҳҳои террористию экстремистӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кардаанд, ки “Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо бо ин амали нангини фарзандашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзанди онҳо ҳам ба Ватан-модар ва ҳам мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан -модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад”. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешавад, шарики онҳо буда, ҳаммаслаки мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зидди давлатии онҳост. Яъне ӯ душмани давлат ва миллати худ буда, бар зидди ватани худ қарор мегирад. Ҳамин тариқа ӯ хоин ва ба тамоми маънояш ватанфурӯш мешавад!
Абармардони миллат оғози Ватанро аз шири модар ва гавҳора меҳисобанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинона ва хиёнаткоронаи ин ашхосро маҳкум намуда, ба онҳо нафрат доранд. Баҳри чунин ҷавонони маслакгумкарда заҳр бод шири модар! Ин гуна ҷавонон на ҷаҳонбинии динӣ, на ҷаҳонбинии дунявӣ ва на ҷаҳонбинии илмӣ дошта, раҳгумзадаву тираақланд. Аз таълимоти ислом ва сиёсати гурӯҳҳои манфиатхоҳ огоҳ нестанд.
Бинобар ин моро зарур аст, ки дар ин ҷода ҷавононро барои ворид нашудан ба созмонҳои тундраву тундгаро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намуда омӯзиши асарҳо ва суханрониҳои Сарвари кишварро ба таври васеъ ба роҳ монем.
Агарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи мо зиёиён ва шаҳрвандон низ зарур аст.
Баҳри баланд бардоштани ҷаҳонбинии динӣ, дунявӣ ва илмии наврасону ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, масъулияти баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббат ба касбу корро васеъ ба роҳ монем, то шомилшавӣ аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳнатдӯстӣ ва нишон додани нақши харобиовару фоҷиабори амалҳои номатлуби террористӣ ва экстремистӣ метавонад шомилшавии ҷавононро ба ин гуна равияҳо боз дорад.
Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Беҳтар мешуд, агар сомонаи “Ахбор” ва сардабири он низ баҳри пешрафти Ватани худ хизмат мекарданд, на бо мақсади он ки ана ин навишта ва ё ин хабар сомонаро серхонандаву серхаридор мекунад. Ҳамон ахбор ва далелҳое, ки шумо Мирзои Салимпур ҳамчун пешбаранда ва ё серхаридор намудани сомонаи худ меҳисобед ҳезуми тарест, ки бешак дар байни ҷомеа оташи бадбинӣ ва рашку ҳасудро ҷорӣ менамояд ва боиси ана ҳамин гуна ба эҳсосот дода шудани шумо ва берун аз доираи одоб сухан ронданатон мешавад.
Ш. Шаропов, С. Рабиев, А.Убайдуллоев,
устодони ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров