Баргузории маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ”
Дар толори раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ” дар мавзӯи «Таъсири муносибати байниҳамдигарии ҳамсарон дар пойдории оила» доир гардид.
Дар маҳфил иштирокдорон ба масоили мушкилот ва муаммоҳо ва сабабҳои ба вуҷуд омадани низои хонаводагӣ дар оила дахл карда, байни ҳам музокира намуданд. Сипас, саҳначаҳои таълимиву тарбиявӣ, ки масъалаҳои оиладорӣ ва муносибати хонаводагиро дарбар мегирифт, намоиш дода шуд.
Дар интиҳо, гурӯҳи«Навои ҷавонӣ»-и донишгоҳ баромад намуда, бо сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида сохтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил