​Таҷлили Рӯзи кайҳоннавардон

Бахшида ба рӯзи Авиатсия ва кайҳонавардон дар факултети физикаю техникаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти унвони «Инсон ва коинот» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс иштирокдорон дар доираи масоили рӯзи авиатсия ва кайҳоннавардон, парвози аввалини инсон ба кайҳон маъруза карданд.

Ҳозирин баъд аз тамошои навори парвози инсон ба коинот табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ