Изҳороти Бойматов Сайфулло – мудири кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ
Дар шароити муосир босмачиёни миллатзудо ва миллатситез, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд, бар ивази пулу дороӣ барои таҳмили ақидаҳои бегонагон ба тафаккури шаҳрвандони Тоҷикистон корҳои таблиғотиро дар сомонаҳои иҷтимоӣ идома дода истодаанд. Ин хоинони миллат бо шеваи босмачиёна дар оғози солҳои навадуми асри гузашта даст ба қатли ом зада, ба таври ваҳшиёна онҳоро ба ҳалокат расониданд. Пас аз гузашти чандин сол ин кирмакони зери бурё боз бо аъмоли пешина ин равандро тавсеа бахшида, бо ҳамдастӣ бо душманони хориҷӣ мардумро ба тавтеа бурда истодаанд. Қобили қайд аст, ки аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ чунин фаъолияти ин палидони ватанфурўш фош гардида, онҳо ба хориҷи кишвар гуреза шуданд ва зерин домани хоҷагони хеш пагоҳ бурданд. Ҳар дафъае, ки гушна монданд ба сари миллати тоҷик санг андохта, ба ин восита маблаѓ ба даст меоваранд.
Кабирии босмачӣ бо гирд овардани чандин нафаракҳои аз таърихи гузаштаи худ бехабар мехоҳад, ки аз об лой барояд.
Мо рўшанфикрон ва омўзгорони кишвар дар баробари маҳкум кардани андешаҳои думравони Кабирӣ ба мардуми тоҷик муроҷиат карда мегўем, ки ин босмачигариҳои аҳмақонаи зархаридони гурезаро маҳкум намуда, ҷиҳати сарҷамъии миллат, ваҳдату ягонагӣ кўшиш ба харҷ диҳанд.