​Изҳороти устодони факултети педагогӣ роҷеъ ба "Ба номардиҳои мардон ман чӣ гӯям? Изҳороти расмии сардабири "Ахбор"

Сардабири сомонаи «Ахбор» Мирзои Салимпур бо изҳороте иддао дорад, ки бар сари ӯ ва сомонаи ӯ борони туҳмату буҳтон борида истодаасту ҳуқуқи ӯ поймол ва ё суханҳои таҳқиромези нисбати ӯ бисёр аст.

Агар ба матбуоти иҷтимоӣ назар афканем, туҳмату дурӯғу буҳтоне, ки сомонаи «Ахбор» онҳоро таъмин менамояд, чун сели вайронкунанда ба хонанда «ҳуҷум» менамояд. Худ таъсиси сомона дар хориҷи кишвар ва ё нашри маводҳое, ки ба гумроҳкунии мардум равона карда мешаванд, гувоҳи онанд, ки ҳадафи сомона ва сардабири он бевосита бар хилофи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату ҳукумати кишвар равона карда мешавад.

Худро журналист мегӯяд, озодандеш меномаду ҳар чӣ ба фикраш омад, дар сомонаи худ дарҷ мекунанд. Факту далел дорам мегӯяд, дод зада истодааст, “на ба миллат ва на давлат хиёнате накардааст, душмани Тоҷикистон нест, балки ҳадафи Мирзои Салимпур аз таъсиси сомонаи “Ахбор” баракс хидмат ба миллат аст”. Ин хидмате, ки бар гумроҳ намудани ҷавонону хонандагони сомонаҳои иҷтимоӣравона карда мешавад, ин “хидмати хирсона” аст ва ҳеҷ гоҳ ба пешрафту тараққиёти кишвар роҳандозӣ карда намешавад!

Худ қазоват кунед, сардабири «гиромӣ» бонг доранд, ки сомонаи «Ахбор” ҳамчун як расонаи МУСТАҚИЛ, ХОЛИС ва БЕТАРАФ таъсис ёфтааст» агар чунин аст, пас аз чаро бештару бештар маълумоту расонаҳои мухолифини кишварро ҷонибдорӣ ва дарҷ менамоянд? Чаро аз ободиву шукуфоии кишвар сухан намекунанд?

Ҳой “озодандеш” ба мо мардуми озоди кишвар, “ободкорӣ”-ҳои шумо ва шумо барин “ватандор” – он лозим нест. Аз хориҷи кишвар нишаста, “ватандорӣ”-и шумоён чи кунем, ки моро дар ин сарзамин ин ободиву ин шукуфоӣ хуш аст!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ