​Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Тоҷикистон дар қатори яке аз давлатҳои тараққикардаистода қарор дорад ва мо тоҷикистониён аз ин ифтихор дорем. Лекин ҳастанд шахсоне, ки пешравии давлату давлатдории моро дида наметавонанд.

Ба қатори чунин шахсон Мирзо Салимпурро дохил намуда метавонем. Ӯ кист? Чи гуна инсон аст? Шахсест, ки аслу асоси худро фаромӯш намудааст. Аз хориҷӣ давлат ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтонҳои беасосро паҳн мекунад. Ҳар як инсон мехоҳад барои насли ояндаи худ номи неки худро гузорад, аммо чунин шахсон ғайр аз дилғашиву номи бад дигар чиро боқӣ гузошта метавонанд?.

Ҷавонони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистоннабояд ба ҳар гуна ақидаҳои фиребандаи онҳо бовар кунанд.

Мо тарафдори сиёсати пешрафта ва ояндадори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва намегузорем, ки ҳар гуна лошахурҳо ба ин тинҷиву ормӣ халал расонанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ