Устувории миллӣ аз мақоми арзишҳои миллӣ
Мутолиаи матни пурҳикмат, новобаста аз ҳаҷми он, баробари қадри як шоҳасар мебошад. Шиносоӣ бо навиштаҳои Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода - сархатиби вилояти Суғд водор менамояд, ки ҳар фарди соҳибақлу боорият, соҳибхираду сулҳпарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол нисбати масъалаҳои тарғиби арзишҳои миллӣ бетараф набошад.
Зеро, тамаддуни миллати тоҷик ба тамаддуни дини ислом робитаи қавӣ ва пайвандии ногусастанӣ дорад. Хусусан, дар ҷаҳони ислом мавқеи хоса доштани нобиғаҳои муаззами миллати тоҷик Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, Имом Ал -бухорӣ, Хоҷа Ҳафси Кабири Бухорӣ нишони тамаддун, маърифат ва заковати миллатест, ки дар ақида, фиқҳ ва андешаҳои илмӣ ислоҳоти назаррасро соҳиб шудаанд.
Мазҳаби суннӣ, ки мардуми кишварамон пайрави онанд, дар таълимоти дини ислом ва шариату тариқати он равияи пешрафта ва бофарҳанг маҳсуб меёбад. Хизматҳои шоистаи Имоми Аъзам дар дохил намудани анъанаҳои миллӣ, урфу одат, либоси миллӣ, ҷашнгирии иду маросимҳои миллӣ, забони тоҷикӣ бо истифодаи усули фиқҳ ва исботи хилофи шариати дини Ислом набудани онҳо беназир аст. Зеро, тавассути ин амал мардуми тоҷик метавонад бо забони форсӣ – тоҷикӣ ибодат кунад, тафсир ва тарҷумаи Қуръони каримро амалӣ намоянд, ки хоси танҳо баъзе миллатҳои ғайриараб аст.
Тарғиби ғояҳои инсондӯстонаи арзишҳои миллӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мардуми мусалмони кишвар бе маҳдудият бо эҳёи урфу одат ва ҷашну идҳои миллӣ, аз қабилиНаврӯз, Меҳргон, Сада, либоси миллии атласу адрас, чакан, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва ғайра машғул бошанд. Агар, дар давлатҳои дигари олам мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба аҳолӣ ҷиҳати адои баъзе рисолатҳои динӣ, мазҳабӣ ва ғайра маҳдудият ҷорӣ карда бошад, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Ҳукумати кишвар ҷиҳати эҳёи арзишҳои миллӣ ҳамаи талошҳоро амалӣ карда, пайваста мекӯшад, ки мардуми шарифи диёрамон аз тамаддуни қадимаи ориёӣ бархурдор бошад. Даъвати Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини кишвар муроҷиати хеле замонавӣ буда, собит месозад, ки ходимони дини мубини ислом василаи иҷрои рисолати хеш ба мардум динро, ҳамчун ақидаи муқаддас, поку беолоиш, тарғибгари одобу ахлоқ, дӯстиву рафоқат, шаъну шарафи инсонӣ ва ҳидоятгари ваҳдати миллӣ мебояд талқин намоянд. Зеро, мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо адолату саодат, сулҳу ваҳдат омодаи ободсозии Ватани азизамон мебошад.
Мардуми мусалмони кишвар ҳамеша муқобили террористон ва экстремистони ифротӣ муборизаи беамон мебарад ва дар зери ливои дини ислом танҳо нияту гуфтору пиндори некро сармашқи фаъолият қарор додааст. Омодаанд, ки барои пойдории муқаддасоти миллӣ, саодати бардавоми миллат, ободу сарсабзии кишвар, сарбаландии миллати худ ҳамеша кӯшишу ғайрат намоянд.
Мӯъминҷон АМИНОВ, декани факултети геоэкологияи ДДХ ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент, номзади илмҳои география