​Изҳороти устодони кафедраи педагогикаи умумӣ

Дар шаҳри Берлини Германия дар назди сафоратхонаиТоҷикистон гирдиҳамоӣ ташкил намуда, барои ноором сохтани сохти Конститутсионии кишвар мехоҳанд чанд ҷинояткорро аз ҳабс озод намоянд.

Ҳамин тавр, роҳбарияти фирории наҳзатӣ дар симои чанде аз мухлисонаш дар хориҷи кишвар доди ватанхоҳӣ мезананд ва бо фиреби назар дар дили сокинони камогоҳу ноогоҳи кишвар, ки дар фазои амну суботи сиёсию иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд, тухми кинаву адоват ва туғёну исёнро мекоранд, то ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Вале мардум дигар фиреби ин тоифаро намехўрад ва рафтан аз қафои онҳоро ор медонад ва хуб дарк мекунад, ки кулли фирориёни наҳзатӣ террористони хунхору ифротиёни нопок буда, душманони аслии миллат ва меҳани мо маҳсуб меёбанд. Чунки амалҳои анҷомдодаи онон аз субҳи соҳибистиқлолӣ то ба имрўз бархилофи манфиатҳои миллӣ буда, рушди ҳама соҳаҳои фаъолияти зеҳнию ҷисмонии инсонҳоро маҳв менамояд ва дар дилхоҳ маврид беҳтарин олимону рўзноманигорон ва умуман эҷодкорону зиёиёнро аз байн мебарад.

Точикистон бо сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон зина ба зина рушту такомил ёфта истодааст, халқи тоҷик дастҷамона ватани азизи худро ободу осуда нигоҳ медорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ